Рӯзҳои фарҳангии Давлатии Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд

Октябрь 21, 2019 13:05

ДУШАНБЕ, 21.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Давлати  Кувайт, ки  бори нахуст дар мамлакати мо бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат баргузор гардиданд, анҷом ёфтанд.

Рӯзҳои фарҳангии Давлати  Кувайт 15 октябр шурӯъ гардида буданд. Дар ин муддат барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва ноҳияи Варзоб доир шуданд. Ба ин барномаҳо ҳамчунин намоиши расмҳо ва аксҳо, намоиши филми мустанад дар Театри давлати академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, базми шеъру намоиши китоб дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва барномаҳои консертӣ ҳамроҳ буданд. Ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ аз мавзеъҳои ҷолиби  мамлакат, аз қабили Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Неругоҳи барқи обии «Норак»  ва мавзеъҳои дилрабои Варзоб дидан намуданд.

18 октябр ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ  бо роҳбарии   муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ ба ноҳияи Варзоб сафар намуд.

Меҳмононро дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода ва аҳли фарҳанг бо садои мусиқӣ пешвоз гирифтанд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ,  дастранҷи кадбонувони ноҳи- маҳсулоти гулдӯзӣ ва зардӯзӣ ба маъраз гузошта шуда буд.

Тавре раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода  иброз дошт, «имрӯз ба сокинони ноҳияи Варзоб, ки як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон аст, муяссар гардид, ки дар фазои сулҳу суботи мамлакат намояндагони давлати ба мо дӯсту бародари Кувайтро, ки бо роҳбарии муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати давлати Қувайт Бадр ал-Дувайшӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бо хушнудӣ истиқбол гиранд. Маҳз чунин робитаҳои дӯстона имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳою мардумон дар фазои сулҳу ором зиндагӣ намоянд».

Сипас барномаи дилнишини консертии ҳунарпешаҳои кувайтӣ манзури сокинони ноҳияи Варзоб гардид.

Давоми сафари хеш меҳмонон аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Варзоб, аз ҷумла Кохи Малика дидан намуда, мафтуни табиати нотакрор, дараи афсонавӣ ва осмони софу обҳои ҷории давлати мо гардиданд.

 

Октябрь 21, 2019 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид