Раиси шаҳри Душанбе заҳмати омӯзгорони фаъоли пойтахтро бо мукофот қадрдонӣ менамояд

Октябрь 3, 2019 08:17

ДУШАНБЕ, 03.10.2019./АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи омӯзгор барои  муаллимони   фаъоли шаҳри Душанбе, ки   шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба   гирифтани  ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд, ба  ҳар кадоме  ба сифати мукофот маблағи 3 ҳазор  сомонӣ ҷудо намуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин иқдом бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонии моддию  маънавии омӯзгороне, ки дар тарбияи шогирдон  натиҷаҳои назаррас нишон   доданд, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари онҳо ва ба ин васила  баланд бардоштани мақоми  онҳо дар ҷомеа роҳандозӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ,  дар асоси қарори Раиси шаҳр рӯйхати омӯзгорони фаъол  тасдиқ гардида,   дар маҷмӯъ барои мукофотонии онҳо 129 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон ва  ҳавасмандгардонии омӯзгорон пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Мақомоти мазкур дар баробари  бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ҷиҳати дастгирӣ ва баланд бардоштани  неруи зеҳнии омӯзгорон низ  чораҳои зарурӣ  амалӣ менамояд.  Аз ҷумла, моҳи майи соли равон  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардид. Системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати он  ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.

«Тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаи зикршуда, дар ин давра баргузор намудани мизҳои мудаввар вобаста ба мақсад, вазифаҳо ва дурнамои рушди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, машғулиятҳои  омӯзишӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони хориҷӣ, инчунин ташкили чунин ҷамъомадҳо оид ба усулҳои истифодаи технологияи нави иттилоотию таълимӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст»,-илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе амалигардонии барномаи мазкурро ҳамасола дар доираи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус, грантҳо, хайрияҳо ва сарпарастони барои соҳаи маориф пешбинишуда таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар шашмоҳа ҳисобот пешниҳод менамояд.

Метавон гуфт, ки амалисозии Барнома ба такмил додани системаи амалкунандаи такмили ихтисос, бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, ташкили низоми ягонаи такмили ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва татбиқи шаклҳои гуногуни баландбардории малакаи касбии кормандони соҳаи маорифи пойтахт мусоидат хоҳад кард.

Октябрь 3, 2019 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ