Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар кори Ассамблеяи генералии 24-уми Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ширкат дорад

Октябрь 17, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 17.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 октябр дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар Ассамблеяи генералии XXIV Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) баргузор мегардад. Дар ин  бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, беш аз 1000 нафар намояндагони 204 кумитаи миллии олимпӣ, ташкилотҳои минтақавӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ташкилотҳои байналмилалии варзишӣ дар ҷаласаи дурӯза дар Давҳа муҳимтарин масъалаҳои соҳаи варзишро баррасӣ мекунанд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур ноиби Президент Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ мекунанд.

Дар ҷаласа ҳисоботи президенти ANOC, котиби генералӣ, комиссияи молиявӣ шунида шуда, доир ба масъалаҳои Бозиҳои олимпии Токио-2020, Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон – Лозанна-2020, аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, ки 16 октябр дар Давҳа ба анҷом расиданд, Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон – Дакар-2022, Бозиҳои олимпии Париж-2024, Бозиҳои зимистонаи олимпии Милано/Картина-2026 масъулони кумитаҳои тадорукот гузориш медиҳанд.

Бояд зикр кард, ки  дар доираи ҷаласа маросими ҷоизасупории ANOC низ дар назар аст.

Октябрь 17, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд