Шамсиддин Орумбекзода бо иштирокчиёни Фестивали байналмилалӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо иштирокдорони фестивали мазкур: олимон, ромишгарон, чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва санъат аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидор ва гуфтугӯи судманд намуд.
Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат Хайридин Усмонзода иброз дошт, ки Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки то 30 октябр идома меёбад, дар ҳаёти фарҳангии мамлакат аҳамияти вижа дорад. Он, бешубҳа, ба фаъолгардии равандҳои наздикшавии фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат менамояд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иқдоми пешгирифтаи Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро дар хусуси баргузор намудани фестивали байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба сарзамини зебоманзари Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки «донишкада давоми солҳои зиёди фаъолияташ барои муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ва берун аз он мутахассисони баландихтисос тайёр менамояд, ки дар байнашон чеҳраҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ кам нестанд. Фарҳангҳо халқу миллатҳоро ба ҳам наздиктар месозанд. Фарҳанги кишварҳои мо, бахусус, Осиёи Марказӣ ва Россия оғоз аз асри 18 ба ҳам пайванданд».
Вазири фарҳанг таваҷҷуҳи иштирокдорони вохӯриро ба муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ ҷалб сохта, тазаккур дод, ки миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз дорад.
«Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи ҷумҳуриамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард»,-зикр намуд Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода.









Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд






