Тарроҳи эстонӣ: Бонувони тоҷик пӯшидани либоси миллиро дӯст медоранд

Октябрь 25, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз аст, ки дар шаҳри Душанбе  намоиши мӯди эстонӣ бо номи «Ман эстонибонуям» ҷараён дорад, ки то 30 октябр идома меёбад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар намоиши мазкур маҳсули дастранҷи 15 нафар тарроҳи номии Эстония ба маъраз гузошта шудааст.

Дар намоиши мазкур, ки дар 30 кишвари ҷаҳон баргузор гардидааст, зиёда аз 20 тарҳи гуногуни либоси муосири бонувони эстонӣ бо истифода аз анъана ва унсурҳои миллии либосдӯзӣ дар намуди аксҳо манзури мухлисони мӯд гардидаанд.

“Тавре мебинед, дар пасманзари ҳамаи аксҳо гилемҳои дорои нақшу нигори миллӣ истифода шудаанд. Аксари ин қолинҳо аз осорхонаҳо гирифта шуда, зиёда аз 100 сол аст, ки намоиш дода мешаванд. Мо онҳоро бо мақсади нишон додани робитаи дирӯз ва имрӯз истифода бурдаем. Яъне усулҳои либосдӯзӣ, нақшу нигор ва унсурҳои он низ тӯли асрҳо инкишоф ёфта, имрӯз бо намуди нав, мувофиқи диди муосир ва талабот ба либос истифода мешаванд”,–иброз дошт ҳамоҳангсози намоиш, тарроҳи машҳури эстонӣ Ану Хинт.

Ба ақидаи тарроҳ Ану Хинт, либоси миллӣ барои бонувон яке аз унсурҳои асосии фарҳанги миллӣ ҳисоб мешавад. Ӯ зикр намуд, ки бори аввал меҳмони Тоҷикистон аст.

“Ман дидам, ки бонувони тоҷик пӯшидани либоси миллиро дӯст медоранд. Дар кӯчаҳо бонувони либоси миллидоштаро хеле бисёр вохӯрдем ва ин маро ба ҳайрат гузошт. Дар бисёр кишварҳо будам, аммо дар ягон давлати дигар ин қадар бонувони зиёдро бо либоси миллӣ надидаам. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки бонувони тоҷик либоси миллии худро дӯст медоранд ва он зебову мувофиқ аст”, -иброз дошт тарроҳбонуи эстонӣ.

Октябрь 25, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид