«Террористон» маҳв гардиданд. Дар Ишкошим машқҳои фармондеҳии Ситоди мудофиаи гражданӣ сурат гирифтанд

Октябрь 30, 2019 11:18

ХОРУҒ, 30.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Ишкошим бо ширкати гурӯҳи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  машқҳои фармондеҳии Ситоди мудофиаи гражданӣ зери унвони «Амали ҳайати роҳбарикунанда  ва қувваю воситаҳои мудофиаи гражданӣ ҳангоми эълон намудани дараҷаи омодагии мудофиаи гражданӣ  дар ҳолатҳои фавқулода»  баргузор гардид.

Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудии  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Шӯҳрат Шоисматов гуфт, ки «машқҳои мазкур панҷ рӯз идома ёфтанд ва  мақсади он пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ногаҳонӣ дар марз мебошад. Бадахшони Тоҷикистон бо Бадахшони Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва ронда шудани гурӯҳҳои ба номи Давлати исломӣ аз хоки давлати Сурия  ва пайдо гаштани баъзе аз ин гурӯҳҳо дар хоки кишвари ҳамсоя ҳар як сокини манотиқи марзиро водор месозад, ки ба ҳифзи марзу бум ҳамеша омода бошад. Аз ин рӯ дар машқҳои мазкур дар баробари сохторҳои марбутаи давлатӣ, ҳамчунин сокинони маҳалӣ ширкат варзиданд».

Машқҳои назариявию амалиётӣ дар се марҳила баргузор гардиданд. Даври аввал бо санҷиши ҳолати омодагии мудофиаи гаражданӣ,  системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи окибатҳои ҳолатҳои фавкулода оғоз ёфта, дар марҳилаи дуюм  аъзои комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, хадамот ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бевосита ширкат доштанд. Ин сохторҳои давлатӣ пас аз садо додани  бонги изтироб дар муҳлату макони муайяншуда  гирди ҳам омада, баъди гирифтани супоришҳои махсус  ба амалиёт шурӯъ мекунанд. Машқҳо хеле муташаккилона гузашта, тамоми сохторҳои  давлатию ҷамъиятӣ ва сокинони маҳалӣ вазифаву уҳдадориҳои ба зимма доштаро мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуда иҷро намуданд.

Зимни машқҳо маҳали зисти террористони эҳтимолӣ зуд муайян гардида, баъди даргирии кӯтоҳмуддат ҳамаашон муҳосира ва боздошт шуданд.

Баъди анҷоми машқҳо ба як гурӯҳ кормандони фаъол ифтихорномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд.

Октябрь 30, 2019 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти амният тақвият медиҳанд
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир