Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Ноябрь 11, 2026 14:25

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.​ 11 ноябр Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки муносибатҳо байни ду давлат таҳти роҳбарии Сарони давлатҳо пайваста рушд ёфта, ба манфиати халқҳо хизмат мекунанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои мубодилаи саривақтии иттилоот ва таҷрибаи пешқадам, инчунин муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи муколамаи созанда ва таҳкими робитaҳои мустақим байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат бо мақсади таъмини амният ва волоияти қонун изҳори омодагӣ карданд.

 

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2026 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид