Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия вохӯрии 14-уми котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таҳдидҳои киберӣ баррасӣ гардиданд.
Юсуф Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пайгиронаро ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди ҳамкории байналмилалӣ амалӣ менамояд.
Дар ин замина, ба қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 25 июни соли 2026 оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ишора карда шуд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози расмии Даҳсола баргузор мегардад. Дар ин робита, аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати иштироки фаъол дар чорабинии мазкур даъват ба амал оварда шуд.
Дар анҷом зарурати густариши мубодилаи иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти салоҳиятдор ва рушди ҳамкории амалии иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат ба таҳдидҳои муосири амниятӣ таъкид гардид.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






