Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён аз таърихи ташаккул ва роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик ёдовар шуда, саҳми арзандаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳкими суботу амнияти ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки милитсияи тоҷик давоми фаъолият марҳилаҳои гуногуни таърихиро паси сар намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва таъмини фазои орому осоиштаи мамлакат нақши муҳим дорад. Имрӯз низ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо истифода аз таҷрибаи касбӣ, дониш ва малакаи муосир барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа фаъолият мебаранд.
Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти милитсия бо садоқат ба савганди касбӣ ва эҳсоси баланди масъулият дар назди давлату миллат барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини суботу оромӣ ва амнияти ҷомеа ҳамеша содиқона хизмат менамоянд.
Баланд бардоштани сатҳи касбият, риояи қатъии қонуният, муносибати боэҳтиром бо шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор мераванд. Зеро эътимоди ҷомеа ба милитсия, пеш аз ҳама, аз масъулиятшиносӣ, рафтори намунавӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ вобастагии мустақим дорад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






