Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи тиллоии Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии ««EXPO -2019 BEIJING» гардид

Октябрь 10, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 10.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2019 BEIJING», ки таҳти шиори «Боғдорӣ барои рушди деҳот» аз 29 апрел то 7 октябр  дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён гирифт, соҳиби Ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Ҷоизаи тиллоӣ тибқи қарори Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ, дар асоси хулосаи комиссияи байналмилалӣ дар номинатсияи «Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ» аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқати мавзӯъ, муаррифӣ ва ташкили кори павилйон  ва тарҳи меъморӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Мусаллам аст, ки аз гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2019 BEIJING»  рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор нафар ва рӯзҳои истироҳатӣ то 45 ҳазор шаҳрвандони Чин ва хориҷӣ дидан намудаанд. Дар ин намоишгоҳ беш аз 110 давлати ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилотҳо аз  Чин иштирок карданд.

Дар намоишгоҳи мазкур Тоҷикистон мутобиқ ба мавзӯъ дастовардҳои соҳаи боғдорӣ, назири меваҳои тару тозаи экологӣ, меваҳои хушк, афшураи меваҳо, асал, обҳои ташнагишикани «Сиёма» ва дигар маҳсулоти ширкат ва корхонаҳоро муаррифӣ намуд. Инчунин ба меҳмонон ва ташрифоварандагони намоишгоҳ имкониятҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардиданд. Дар ҳошияи намоишгоҳ ширкати «Абрикос ва компания» ба бозори калони Чин барои фурӯши меваҳои хушк роҳ ёфта, намояндагии доимии худро дар Чин таъсис дод.

Дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат дар самти боғдорӣ ва кишоварзӣ, инчунин эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2019 BEIJING» барои ноил гардидан ба ин дастовард нақши муҳим ва калидӣ бозиданд.

Октябрь 10, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст