Вакилони Маҷлиси намояндагон: қабул ва татбиқи Қонун «Дар бораи авф» намунаи олии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад

Октябрь 29, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд. Дирӯз, 28 октябр аввалин гурӯҳи авфшудагон ба озодӣ баромаданд.

Қонуни мазкур дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд. 25 октябр вакилони мардумӣ зимни баррасии ин масъала Қонуни мазкурро намунаи олии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, мавриди дастгирии ҳамаҷониба қарор доданд.

Дар зимн, андешаи чанде аз вакилони мардумиро оид ба ин масъала, ки зимни баррасӣ ва қабули Қонун дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баён доштанд,  пешниҳоди  хонандагон мегардонем:

Шукурҷон ЗУҲУРОВ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12:

— Гузашт намудан, бахшиш кардан ва оғӯш кушодани Пешвои муҳтарами миллат ба рӯи иддае аз мардуми раҳгумзадаи мо буд, ки ватанро то ба ин рӯзҳои таърихӣ ва тақдирсоз расонда, халқро муттаҳид намуд.

Қонуни авфи ба тозагӣ қабулшуда санади воқеан таърихист, зеро тибқи ҳисоби пешакӣ, он нисбат ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Аз ҷумла, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳӣ озод гардида, беш аз чор ҳазору панҷсад нафар аз ҷазоҳои дигари ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, озод карда мешаванд. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазояшон  кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбат ба зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ мегардад.

Равшан аст, ки дар пасманзари рӯзгори ин теъдод шахсон фарзандон, падару модарон, хешу табор, наздикону дӯстон ва дар маҷмӯъ мардуми Тоҷикистон истодаанд.

Боварӣ дорам, онҳое, ки аз сабукии ин қонун бархӯрдор мегарданд, чӣ раҳгумзадагону хатокорони қонун, чӣ хешовандону  наздикони онҳо, ҳикмат ва рисолати ин санади тақдирсозро дуруст дарк намуда, ба қадри ин ғамхории Сарвари давлат расида, дар роҳи ислоҳи худ ва наздиконашон саъй намуда, дар ҳаёти созандаю осоиштаи мамлакат фаъолона ширкат меварзанд.

Бахтовар САФАРЗОДА, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, вакил аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ:

— Ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи  Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргаштани шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳаёти муътадил ва ислоҳ шудани онҳо мебошад. Тарбияи ин шахсон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ба Ватан, андешаҳои давлатмеҳварӣ, шинохти арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, он рамзи гӯёи амалишавии принсипи инсондӯстӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба муҳимияти доираи фарогирии Қонуни мазкур бояд махсус зикр  намоем, ки он бениҳоят фарох буда, кирдорҳои зиёди пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери татбиқи он қарор мегиранд.

Пешвои муаззами миллат доираи васеи шахсонеро барои авф кардан пешниҳод намудаанд, ки ба ҳаёти осоишта баргашта, дар ҷамъият мавқеи худро ёфта, ислоҳ шуда ва роҳи дурусти зиндагиро пеша кунанд. Инчунин ин нафарон бояд ба қадри тинҷиву осоиштагӣ ва суботи мамлакати  азизамон расанд. Аз ин дид, лоиҳаи Қонуни мазкур қадами навбатии хирадгаро ва бисёр беназир ба шумор меравад.

Авф кардани деъдоди зиёди шаҳрвандон аз ҷониби Пешвои миллат аҳамияти ниҳоят муҳим ва хусусияти тарбиявӣ дорад. Зеро дар натиҷаи ин тадбир ҳазорҳо шаҳрвандони гумроҳ имконияти ҳамгироӣ бо ҷамъият ва баргаштан ба зиндагии муътадилро пайдо мекунанд ва оилаҳои зиёде аз иқдоми навбатии хайрхоҳонаи Пешвои маҳбуби миллат хушнуд хоҳанд шуд.

Ориф ҲАКИМОВ, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ:

— Лоиҳаи Қонун ягона умеду орзуи айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон буда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Бояд тазаккур дод, ки Қонун на танҳо аҳамияти сиёсӣ, балки аҳамияти тарбиявӣ ва ахлоқӣ дошта, он танҳо бахшиши гуноҳ нест, балки боварӣ ба ҳар як фард мебошад, ки  хато намудааст ва ба ӯ имкон дода мешавад, ки ислоҳ шавад.

Мо боварӣ дорем, ки  ҳар нафари озодшуда тамоми неруву заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар намуда, дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои худ саҳми арзанда мегузоранд.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА, вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров:

— Ман ҳамчун ҳуқуқшинос бе мамониат гуфта метавонам, ки санади баррасишуда авфи тиллоӣ мебошад. Зеро ҳар як меъёри он доираи васеи шахсонро дар бар гирифтааст.

Дар робита ба моддаи 5-и лоиҳаи Қонун гуфтаниям, ки мувофиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 24 августи соли 2016, шахсоне, ки барои хабар надодан оид ба содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, инчунин вобаста ба ҷиноятҳо  ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатро содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноят озод нашуда буданд.

Пешвои миллат бо садоқат ба принсипи инсондӯстонаи олии худ дар авфи мазкур пешниҳод намуданд, ки чунин гурӯҳи шахсон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазои боқимонда озод карда шаванд. Бо ин роҳ онҳо аз роҳу ақида ва кирдори нодурусти худ баргашта, зиндагии худро пеш баранд ва мо сарҷамъона амнияти ватани маҳбубамонро ҳифз намоем.

Зеро тинҷиву оромии имрӯзаи мо ба осонӣ ба даст наомада, асоси ҳамаи пешравию оромиҳои сиёсии мамлакат ва сокинони он ба ҳисоб меравад.

Аз ҳамаи шахсоне, ки нисбаташон қонуни мазкур татбиқ мегардад, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба қадри чунин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд ва бо роҳи ислоҳшавӣ зиндагӣ намоянд.

Лутфия РАҶАБОВА, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, вакил аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ:

— Пешниҳоди Лоиҳаи Қонун «Дар бораи авф» аз ҷониби Президенти мамлакат ба муносибати 25– солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели инсондӯстона будани сиёсати дохилии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Қонуни мазкур боз як нишонаи ба ҳам пайваста будан ва эҳтироми тарафайни давлат ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар асоси принсипи ҳуқуқии гуманитарӣ рӯи кор омадааст.

Мо бояд ба амалҳои хайрхоҳона ва сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ намоем. Зеро маҳз амали авф метавонад нафарони зиёдеро, ки пушти панҷара нишастаанд, аз роҳи хато ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.

Мояи фараҳмандист, ки ба занону ноболиғон дар авфи навбатӣ аҳамияти махсус зоҳир карда шудааст. Ин яке аз иқдомҳои шоиста ва бузургтарин оини ҷавонмардии Сарвари давлат нисбат ба ин қишри ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ин далолат ба он мекунад, ки зан-модар дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат мақоми шоиста касб менамояд. Бо қабули қонуни мазкур теъдоди зиёди маҳкумшудагон, аз қабили занон зиёда аз 280 нафар баҳраманд гардида, аз он 165 нафар ба озодӣ мебароянд. Инчунин аз 75 нафар ноболиғон 58 нафар озод гардида, 14 нафари дигарашон муҳлати адои ҷазояшон кам карда мешавад. Иқдоми мазкур сабаби баланд бардоштани масъулияти онҳо, пеш аз ҳама, дар назди оилаҳои худ ва ҷомеа гардида, онҳоро водор менамояд, ки ба қадри беҳтарин неъмати зиндагӣ-озодӣ бирасанд.

Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА, вакили Маҷлиси намояндагон, вакил аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ:

— Гузашт карда тавонистан аз гуноҳ яке аз хислатҳои нек ва нишони инсонпарварию мардонагӣ буда, ҳар нафаре, ки қудрати авф намудани гуноҳи фардеро дорад, аз камолоти баланди инсонӣ бархурдор мебошад. Зеро нафаре, ки дар зиндагӣ аз нофаҳмӣ, эҳсосот ва қаҳру ғазаб, ки ақлро тира мекунад, даст ба содир намудани гуноҳе задааст, албатта, баъди он пушаймон мешавад.

Авфи гуноҳ имконияти мусоид баҳри ислоҳи ӯст. Зеро дар ҳаёт воқеаҳои зиёде вомехӯранд, ки инсон тавба мекунад, вале аз ҷониби ҷабрдида авф намешавад, ки боиси боқӣ мондани кина ва адоват байни онҳо мегардад.

Аз нигоҳи шариати инсонӣ ва диди фалсафаи ҳастӣ авф намудан амали савоб ва нек ба ҳисоб рафта, метавонад аз чандин гуноҳ ва мушкилот инсон ва ҷомеаро халос намояд. Пеш аз ҳама, таъсири ин амали ҷавонмардонаи Пешвои миллат ба хонаводаҳое мерасад, ки яке аз аъзои он дар маҳбас қарор дорад.

Итминони комил дорам, ки ҳамаи шахсони авфшуда аз ин амали башардӯстонаву ғамхоронаи Сарвари давлат шукргузорӣ намуда, хулосаи зарурӣ мебароранд ва дар оянда кори софдилонаву беғараз ва ҳалолро пеша менамоянд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид