Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2019 оид ба самбо 6 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур 370 нафар варзишгар аз 28 давлат- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Беларус, Украина, Россия, Булғористон, Латвия, Литва, Венесуэла, Индонезия, Испания, Колумбия, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Германия, Руминия, Сербия, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар – 9 нафар миёни наврасон, 7 нафар миёни ҷавонон бо роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов дар чемпионат ширкат намуда, ба гирифтани 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфтанд.
Медали тиллоро Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни -74кг миёни ҷавонон ба даст овард. Ҳамчунин Аминҷон Холов дар вазни -48кг, Сомон Сангов дар вазни -52кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд.
Миёни наврасон медалҳои биринҷиро варзишгарони мо Бузургмеҳр Исоев дар вазни -60кг, Субҳиддин Халилзода дар вазни -70кг ва Муҳаммадҷон Одинаев дар вазни -87кг ба даст оварданд.








Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид






