«ЗАБОНРО ЗАБОНАТ БУБАХШАД ТАВОН…». Ба 10-солагии қабули Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 05.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба даҳсолагии қабули Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», ки 1 октябри соли 2009 ба тасвиб расидааст, маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҳамоишу намоишҳои гуногуну густурда баргузор карда шуданд. Шоирону нависандагон ва забоншиносону рўзноманигорон, намояндагони дигар табақаҳои аҳолӣ мақолаву нигоришҳо ба чоп расонданд. Ба муносибати ин санаи фархунда Содиқи КАШРӮДӢ низ зимни як нигориш андешаҳои худро баён доштааст, ки онро пешниҳоди хонандагон менамоем.
Забон даст, сухан ханҷари обдор,
Ки ханҷар бе даст наёяд ба кор.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон забони мо дар Конститутсия забони расмии давлати Тоҷикистон-забони давлатӣ шинохта шуд ва ҷойгоҳи баланди худро соҳиб гардид. Гузашта аз ин, бо дастуру супориши Сарвари давлат Қонуни забони давлатӣ бо дигаргунӣ ва навигариҳо соли 2009 дубора пазируфта шуд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 5 октябр Рўзи забони давлатӣ шинохта шуд. Мардуми тоҷик, бавижа ҳаводорони ин забони шево ва ҷаҳонгир ҳамроҳи Пешвои хирадманду фарҳангпарвараш ҳар сол ин рўзро бо хушиву шодмонӣ ва бо дастовези тару тоза пешвоз мегиранд. Бахшида ба ин рўз бо иштироки Пешвои гиромифаррамон 4 октябр ҳамоиши густурда ба шарафи Рӯзи забони давлатӣ доир гардид.
Забони мо баробар бо миллати мо ҳазорсолаҳост, ки пайваста ба тохту тозу фишори бегонагон дучор аст. Бавижа, пас аз тохти араб забони тоҷикӣ ба нокомиву ноҷўрӣ ва талхиву шўрӣ рўбарў шуд. Доираи корбасти он танг гашт. Ағлаби бузургони донишу фарҳанги мо бештар ба забони арабӣ эҷод мекарданд . Бадбахтона, имрўз бархе донишварони мо аз ин кори нохуб сарфарозӣ мекунанд ва менависанд, ки чун бузургони тоҷик ягон мардум асарҳои барҷаста ба забони арабӣ эҷод накардааст. Кош намекарданд. Зеро наваду нуҳ дарсади тоҷик забони арабиро намедонист ва онон барои бегонагон ва ояндаи онон ин асарҳоро эҷод карданд. Бегонагон ва фарзандони онҳо аз ин асарҳои пурмазмун баҳра бардоштанд. Дониш омўхтанд, ба дарди худ даво пайдо карданд.
Бегонагон бо ҳар роҳу рой мехостанд дар баробари фарҳанг ва кешу оин забони моро низ нест кунанд. Зеро онҳо хуб медонистанд, ки забони тоҷик-нишони ин миллат, теғи хунбори ў дар баробари душманонаш ва сипаре аз тири онон аст. Ҳатто бисёри мардуми моро бо гуноҳи он, ки гўё кофиранд, мекуштанд, то ин ки забони мо ва бад-ин роҳ моро нест кунанд ва аз боқимондаи мо манкурт созанд. Пеш аз ҳама, дар ин роҳ шоирону донишмандони мо ҳадафи тири ин бадавию бадхоҳони фарҳанги инсонӣ гаштанд. Чунин кушторҳоро оғози садаи ҳашт дар Хоразм ва дигар гўшаҳои марзу буми тоҷик аз таърих хуб дар ёд дорад. Бояд гуфт, ки ин бехирадон ба ин кор то андозае комёб низ гаштанд. Забони моро олуда сохтанд, бисёр воку вожаҳоро аз забон бурданд.
Вале модари тоҷик нагузошт, ки ин забон нест шавад. Алорағми онон забони тоҷикиро ба фарзандони худ омўзонд, онро ҳамчу нишони миллат ҷон бахшид. Ҳамчунин дар ин роҳ тоҷиконе, ки аз дасти ин девсуратону аҳрамансиратон дар кўҳу дараҳои касногузар ҷон ба раҳо бурданд, низ дар мондагории забон пайгузор шуданд.
Тоҷикон куҳанмардуманд, мардумони бумии Осиёи Марказианд. Тоҷикон шаҳру рустоҳои обод доштанд ва доранд, ҳарчанд бахши асосии ин марзу бум имрўз ба дасти бегонагон аст. Онҳо чи дар Афғонистон, чи дар Ўзбекистону Эрон ва бархе кишварҳои дигар дар марзу буми худ, дар хоки поки аҷдодӣ, дар шаҳру деҳи худ зиндагӣ мекунанд ва ҳатто доираи марзи зисти онҳо танг ҳам шуд. Гузашта аз ин, Шайх Саъдӣ барои ин маснади баланд мардум ё вожаи порсро истифода накардааст. Чанде аз гуфтаҳои Шайх Саъдӣ ва бузургони дигарро пешниҳод мекунем. “Тоҷик лабшакар аст”, “Рўи тоҷиконаат бинмой то доғи ҳабаш…”, “Ишқ бар тоҷики (тоҷику) саргаштаи Эрон додаст” (шояд Саъдии бузургвор худро дар назар доранд), “Эй чеҳраи зебои ту, рашки бутони озарӣ…”, “Нигори турки тоҷикам, кунад сад хона вайрона, Ба он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона”, “Лек гуфтори дарӣ ширинтар аст…” ва монанди инҳо.
Дар ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз низ ба назми дарӣ (забони дарбор) ишора рафтааст. Ин нишони бузургии тоҷик ва забони тоҷикист. Албатта “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ (Аҷам шояд ба воки “ҷим”, яъне лол, гунг бошад, агар ба чунин мазмун аст, хато аст, дар аслу гавҳар ва ба гуфтаҳои Муҳаммад паёмбар рост намегирад) ё ба Кишвари Ҷам (дурусттараш ҳамин аст) мансуб аст, ба порсӣ накў гардон” ва навиштаҳои монанд ба инҳо моро ба андеша водор мекунанд.
Вале ҳамаи бузургон, аз Рўдакиву Фирдавсӣ сар карда, пеш аз онон ва пас аз онон то ба имрўз ба забони тоҷикӣ эҷод кардаанд. Навиштаи онҳо барои тоҷикон сахт донистанӣ аст.
Дар пайгирӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат мехоҳам ёдовар шавам, ки мо забони худро пурра аз забони бегона наметавонем тоза кунем. Зеро аз замони ба гӯйишҳои мо даромадани вожаҳои бегона вахти бисёр гузашт. Дер кардем. Вале мо он воку вожаҳои бегонаеро бояд корбаст кунем, ки дар забони мо нестанд ва беҳтарину хубтаринанд.
Вақте ки кас афзор дорад, чаро аз ҳамсоя ё каси дигар афзор пурсад, хуб агар афзораш нокора бошад, ин гапи дигар. Ба гуфтаи Хоҷаи бузург:
Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,
Он чи худ дошт, зи бегона таманно мекард.
Дар ин роҳ бояд Кумитаи забон ва истилоҳот ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пештоз бошанд. Вобаста ба ин бо мардумони одӣ бо истифода аз телевизиону радио, рӯзномаву сомонаҳо бештар бояд кор кард.
Мо тоҷикон, чи дар Тоҷикистон, Ўзбекистон, Афғонистон ва дигар кунҷу канори ҷаҳон аз ҳоли ҳамдигар бояд огоҳ бошем, дар рў ба рўи хатару ангезаҳое, ки ба тоҷику Тоҷикистон равона аст, бо ҳам истодагарӣ кунем. Охир Тоҷикистон умедгоҳи ҳама тоҷикони ҷаҳон аст.
Новобаста аз ҳар гуна кўшишҳои душманон тоҷикон зинда монданд ва тавонистанд забону фарҳанги худро нигоҳ доранд. Зеро забону фарҳанги мо осмонӣ аст. Албатта, дар ин роҳ хидмати фарзандони далеру фарзона ва хидмати беандозаи модари тоҷик дар нахустпоя аст. Гузашта аз ин шўришҳои озодихоҳии мардуми тоҷик, бавижа бо роҳбарии Сумбоди Муғ, Муқаннаъ, пасон давлатдории Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриён, Куртиён, Сафедҷомагон, Маҳмуди Торобӣ ва дигарҳо неруи аҳримании душманонро суст кард ва барои зинда мондани тоҷик ва забони он заминаи устувор гузошт.
Пешравиҳо дар роҳи худшиносӣ, ба вежа поксозиву нигаҳбонии забон кори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Пешвои бузургу гиромиамон дар сухан ва навиштаҳои худ пайваста аз тозагии забон ёдрас мешаванд. Ва китобе низ навиштаанд бо номи “Забони миллат-ҳастии миллат”.
Арҷ бахшидан забонро дар ҳама давру замон,
Ҳаст иқдоме зи иқдоми шаҳиву сарварӣ.
Қоидаи имлои (Дастури навишт) забони тоҷикӣ низ ба таҷдиди назар эҳтиёҷ дорад. Китоби дарси забонро барои хонандагон бояд тоза тоҷикӣ навишт. Аз баҳри он исму феълу дигар вожаҳои бегона ҳарчи зудтар баромадан ба суди кор аст.
Мо дигар ба ягон мардум ғулом нестем, мо мардуми ҳурро (ҳурра), озодем. Хуб мебуд, агар як луғати арабӣ-тоҷикӣ ё тоҷикӣ–арабӣ таҳия ва пешкаш намоем. Вале фарҳанги забони тоҷикӣ бояд тоза тоҷикӣ бошад, аз вожаҳои тоҷикӣ ва дур аз вожаҳои нокораи бегона бошад.
Мо то андозае забонро тоза кунем, ки дар гуфтору навишт аз вожаҳои бегона бештар бошад.
Поксозии забон дар замони Шўравӣ, нимаи дуюми садаи бист бояд оғоз мешуд, зеро он замон барои ин кор созгор буд. Ҳарчанд бо роҳбарии устодон Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва дигар фарзандони неруманду баруманди тоҷик хеле корҳои бузург дар ин роҳ ба анҷом расид. Ҳоло ҳам гоҳи хуб аст. Шебу фароз низ дорад. Пешвои бузургамон моро дар ин роҳ дастгирӣ мекунанд. Ҳарчанд давлатдорӣ ва муносибатҳои давлативу миллӣ сахт нозук аст.
Бародарони ўзбеки мо бо номи “Наво” барномаи телевизионӣ доранд. Онҳо метавонистанд онро бо арабӣ “Мусиқӣ” (музика-мусики) ном баранд. Вале онҳоро забони шевову тозаи тоҷикӣ ба худ чун оҳанрабо кашидааст. Як вожаномае бояд сохт, ки он дастури тоҷикони Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон ва порсигўёни ҷаҳон бошад. Дар забони расмӣ барои баёни як чам вожаи яксон (ҳамсон), якгун (ҳамгун) ё якранг (ҳамранг) ва ё якном (ҳамном) истифода шавад.
Хушбахтона, забони расмии Тоҷикистон забони адабӣ, шево, гўё ва то андозае хубу хуш аст. Забони тоҷикони кишвари Ўзбекистон низ то андозае шуниданӣ аст. Бадбахтона, забони расмии тоҷикони Афғонистон ва Эрон (ҳатто дар радио, телевизион, синамо…) бештар лаҳҷавӣ ва бозорӣ аст.
Фарзандонамонро ба оину фарҳанги миллӣ парвариш мекунем. Бархе донишварон беҳдошти забонро дар баргаштан ба хати бобоӣ медонанд. Вале ин худфиребист ва ин кор самаре нахоҳад дод.
Андешаҳо дар мавриди дар садаҳои нуҳ ва даҳ пайдо шудани забони имрўзаи тоҷикӣ хато аст, зеро номҳои Рустам, Доро, Хусрав, Парвиз, Гурдофарид Наврўз, Меҳргон, Сада ва монанд ба инҳо ҳанўз аз даврони куҳан буд. Дуруст аст, ки дар замони Сомониён чун имрўза забон бештар рушд кард.
Барои дар оянда рушд кардани забон тоҷикона номгузорӣ кардани фарзанд ва кўю барзан хеле маҳанд аст. Бояд ба фарзандони худ номҳои тоҷикӣ монем. Бадбахтона, бисёриҳо, бахусус фарҳангиёни мо, донишварон аз ноогоҳӣ номи душманони тоҷик, номи ононеро, ки боис ба бадбахтии мардуми тоҷику форс ва ҳатто дигар мардумони ҷаҳон шуданд, гирди забон мекунанд ва ба фарзандони худ мегузоранд, ба онҳо сипосу офарин мехонанд, онҳоро ситоиш мекунанд.
Мо ба ягон мардум бадӣ намехоҳем, вале дар пайи озодиву ободӣ ва оромиву зебогии мардуму меҳани худ мекўшем. Ин вом ба дўши ҳар як тоҷик аст. Ва сиёсати Президенти гиромии мамлакат низ ҳамин аст. Пайравӣ ва пуштибонӣ аз ин сиёсат кори мост. Мо дар беҳдошти забони модарӣ аз Пешвои бузургамон сипосгузорем. Зеро:
Ба оину фарҳанг бубахшидӣ ҷон,
Забонро забонат биафзуд тавон.
Забони тоҷикӣ забони булбулон, забони ошиқон ва шеъру шоирон, забони чашмасорону рўдҳои шӯх аст, забони ҷўйборон ва боду борон, забони фариштагону аҳли биҳишт аст ва чунин андеша ҳаст, ки гӯё дар он ҷаҳон пурсиши бандагон аз сўи Худо бо ин забон сурат мегирад. Пас бояд онро аз ҳар гуна олудагиҳо полуда созем.
Мо, ба гуфтаи Мавлои Балх “Бо неку бади халқи ҷаҳон кор надорем”, танҳо аз мардуму меҳан ва забону фарҳанги худ пуштибонӣ мекунем. Бо мардуми Худо дўстӣ мекунем.
Поянда бод тоҷик ва забони тоҷикӣ!