Ҳайати Тоҷикистон дар 50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар 50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш, ки дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон доир шуда истодааст, иштирок дорад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ҳайати Тоҷикистон директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Аслиддин Раҷабзода, директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» Фируз Шарипов ва дигарон шомил мебошанд.
Гуфта мешавад, ки дар он табибону коршиносони созмону ташкилотҳое, ки дар самти мубориза алайҳи бемориҳои шуш, аз ҷумла сил фаъолият менамоянд, иштирок ва табодули таҷриба мекунанд.
«Инчунин роҳбарияти созмонҳои мухталифи ҷаҳонии дар ин ҷода фаъолиятдошта, ки дар конфронс иштирок доранд, лоиҳаҳои минбаъдаро барои мубориза бо бемориҳои шуш, аз ҷумла сил пешниҳод менамоянд», — афзуд манбаъ.
Дар конфронс ваксинаи нави пешгирӣ аз бемориҳои сил муаррифӣ гардидааст, ки таҳаввулоти ҷадидеро дар бахши силшиносӣ ба вуҷуд хоҳад овард.
Шӯрои байналмилалии мубориза бо бемории сил, ки ташкилкунандаи конфронси мазкур мебошад, 140 давлати дунёро фаро гирифта, мақсад дорад то соли 2025 сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои шуш, аз ҷумла силро дар ҷаҳон, махсусан дар Ҳиндустон коҳиш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки 50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш 30 октябр оғоз гардида, то 2 ноябр идома меёбад.








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






