АМИТ «ХОВАР» — МУАРРИФИ ИНШООТИ АЗИМИ ТОҶИКИСТОН. Аз рӯзи ба истифода супоридани нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Норак» расо 47 сол сипарӣ гардид

Ноябрь 15, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 47 сол муқаддам, 15 ноябри соли 1972 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» бо иқтидори 300 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки то ҳол калонтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Сарбанди гиливу сангии неругоҳ 300 метр баландӣ дошта, аз ин ҳисоб дар ҷаҳон мавқеи дуюмро касб менамояд. То соли 2013 дар сархати рейтингҳои ҷаҳонӣ қарор дошт.

Шарҳи хабарнигори АМИТ  «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР оид ба таърихи сохтмон ва фаъолияти пурсамари ин иншооти азими Тоҷикистон.

— Дар замони сохтмонҳои бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ дар дарёи Вахш бунёди силсиланеругоҳҳо ба нақша гирифта шуда, соли 1950 оғоз гардид. Яке аз аввалини ин неругоҳо «Норак» ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи НБО «Норак» дар шуъбаи Пажуҳишгоҳи Умумииттифоқии «Гидропроект» дар Осиёи Миёна омода шудааст. Бунёди неругоҳ аз ҷониби Раёсати сохтмонии «Норакгэсстрой»-и трести «Тоҷиэнергострой» ва муассисаҳои махсуси Вазорати энергетика ва электрикунонии Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид.

Неругоҳи барқи обии «Норак» бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Корҳои сохтмонии он соли 1961 оғоз гардиданд. 26 марти соли 1966 маҷрои дарёи Вахш баста шуд.                  

Неругоҳ аз 9 агрегат иборат буда, аввалин агрегаташ соли 1972 ва охиринаш соли 1979 ба истифода дода шудааст. Солҳои аввал иқтидори пурраи неругоҳ 2700 МВт – ро ташкило медод. Соли 1988 дар натиҷаи таҷдиди агрегатҳо иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8 агрегат бо 335 МВт ва 1 адад бо 320 МВт ба 3000 МВт расонида шуд.

Обанбори «Норак» 70 километр дарозӣ ва 98 километри  мураббаъ масоҳат дошта, ғунҷоиши обаш 10, 5 километри кубӣ мебошад.  Чуқурии миёнаи обанбор 107 метр мебошад.

Сарбанди (садди) неругоҳ маҷмааи гидротехникии сангу гилӣ мебошад. Он бо баландии 300 метр имрӯз дуюмин сарбанди сангу гилии баландтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Барои бунёди сарбанд 54,2 миллион метрии мукааб сангу хок истифода шудааст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дар сарбанди ин иншоот дараҷаи баланди бозёфти техникӣ-муҳандисӣ маҳфуз аст. Сарбанд дорои мағзи (ядрои) марказӣ буда, такягоҳҳои он аз санги суфта ва қум пур карда шудааст. Масоҳати он аз мағз то такягоҳҳо бо филтрҳои ғафсияшон тағйирёбанда (4-10 м), ки аз маводи сунъӣ тайёр карда шудаанд, бастабандӣ шудааст.

Ба хотири мустаҳкам ва тобовар будан, канорҳои сарбанд аз ду тараф бо харсангҳои гарони –аз тарфи обанбор ғафсии қабаташон 20-40 метра ва тарафи резишгоҳи поён ғафсии қабаташон 5-10 метра — мустаҳкам карда шудаанд.

Ба хотири пешгирии кафидани қабати замин дар чуқуриии аз 40 то 130 метр дар поёнии сарбанд пардаи муқобили филтршавии об бунёд ёфтааст. Хуллас, мустаҳкамиву бехатарии сарбанди обанбори неругоҳ ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.

Ин буд, ки сарбанди НБО «Норак» соли 2000 дар Женева медали «Ситораи тиллоӣ»-и сифат ва соли 2010 дар Хитой сертификати сифатро соҳиб шуд.

Зимнан, дар зинаи якуми ин рештинг Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад. Дар ин мамлакат сарбанди НБО «Тсинпин — 1» сохта шудааст, ки 305 метр баландӣ, 568 метр дарозӣ дошта, арматуриву бетонӣ мебошад. Сохтмони НБО соли 2005 оғоз гардида, соли 2014 ба итмом расидааст.

Истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар неругоҳ 11,2 миллиард киловат-соатро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ аз давраи бакорандозӣ то моҳи марти соли равон дар неругоҳ 448,4 миллиард киловат-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст. Аз ин миқдор 306,8 миллиард киловат-соат неруи барқи истеҳсолшуда ба давраи  соҳибистиқлолии мамлакат рост меояд.

Тибқи маълумоти расмӣ, айни замон, бинобар кӯҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ неругоҳ тахминан бо иқтидори 2600 МВт фаъолият менамояд. Аз ин лиҳоз, зарурати барқарорсозии он пеш омадааст.

Моҳи марти соли 2017 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни шарҳи Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳалаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон зикр намуда буд, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» солҳои 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, давоми 46 соли фаъолият зиёда аз 434 млрд. киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардааст.

«Ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки иқтидорҳои пешинаи неругоҳ барқарор карда шаванд. Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳила давоми даҳ сол сурат гирифта, дар доираи он таҷдиди ҳамаи гидроагрегатҳо амалӣ карда мешавад ва иқтидори истеҳсолии НБО то ба 10 фоиз боло бурда мешавад», — иттилоъ дода буд Усмоналӣ Усмонзода.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Президенти мамлакат ба НБО «Норак» эътибори калон зиҳир намуданд. Таҷдиду барқарорсозии неругоҳ, низ маҳз баъди Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 апрели соли 2009 равнақу ривоҷ гирифт.

Моҳи майи соли 2017 трансфарматори дорои иқтидори 450 мегаволт-ампер, ки вазни умумияш 214 тоннаро ташкил медиҳад, ба неругоҳи барқи обии «Норак» оварда шуд.

Он замон Ширкати саҳҳомӣ -холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик» хабар дода буд, ки  таҷҳизоти муҳими энергетикӣ бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Германия ва Франсия дар шаҳри Гебзеи Туркия сохта шудааст. Мутахассисони тоҷик якчанд маротиба ба ин корхона сафар намуда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкати пудратчӣ-Ширкати «Алстом» трансфарматорро аз озмоиш гузарониданд. Озмоиши асосии он моҳи сентябри соли 2015 гузаронда шуд.

Ба гуфтаи мутахассисон, васли ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки агрегати 8-уми неругоҳ, ки аллакай чархи кории он иваз шудааст, пурра таҷдид гардад ва неругоҳи бузурги мо дар доираи иқтидори лоиҳавӣ аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакатро бо барқи хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд.

20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии агрегатҳо шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак» иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3300 МВт бардошта шуда, дар маҷмӯъ бо назардошти тавоноии барқароршаванда иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳ 700 МВт зиёд, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ беҳтар ва таъминоти неруи барқ дар кишвар ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.

«Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти неругоҳ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва татбиқи яке аз ҳадафҳои сиёсию стратегӣ, яъне ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ давоми солҳои 2015-2016 дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирӣ аз Франсия асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак ва таъмини бехатарии садд»-и он омода карда шуд», — хабар дода буд Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти расмӣ, тибқи асоснокунии техникӣ-иқтисодии гузаронидашуда, маблағи умумии таҷдиду навсозии неругоҳ то 700 миллион доллари америкоӣ арзёбӣ гардидааст. Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо дарназардошти дастрасии маблағҳо лоиҳа дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм — иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, — иттилоъ дода буд манбаъ, то имрӯз барои маблағгузории лоиҳа 326,9 млн. доллари америкоӣ ҷалб гардидааст.

Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар гирифта, он давоми 5 сол (солҳои 2024-2028) бо арзиши 148, 6 млн. доллар татбиқ хоҳад гардид.

Бояд гуфт, ки дар вақти татбиқи амалии лоиҳа, ҷиҳати таҷдиди босамари агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Норак» пудратчиён аз техникаву технологияи муосири ҷаҳонӣ истифода мебаранд.

Тибқи маълумоти сохторҳои дахлдор, баъди анҷоми корҳои таҷдиду навсозӣ тамоми системаи неругоҳ бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2005 бо дастгирии шарикони рушд корҳо вобаста ба тоза намудани сатҳи поёноби неругоҳ, мониторинги бехатарии садди неругоҳ, бунёди дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 ва 220 кВ, иваз намудани трансформатори генератори рақами 8 бо иқтидори 450 МВА ва бо маблағгузории ширкати «Барқи Тоҷик» иваз намудани чархи кории агрегати рақами 3 ба роҳ монда шуд.

Гуфтанист, ки давоми солҳои 2010-2016 бо дастгирии шарикони рушд, лоиҳаҳои барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/500 кВ дар Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ҷониби ширкати германии «АLSTOM Grid GmbH» татбиқ карда шудааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳри Норак дар доираи амалӣ намудани лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ» ва «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ» 13 августи соли 2013 дар Неругоҳи барқи обии «Норак» муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ — дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220- киловолта ва 27 апрели соли 2016 дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500-киловолтаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷҳизоти асосии лоиҳаҳо дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи Аврупо, аз ҷумла дар давлатҳои Швейтсария, Франсия, Италия, Германия, Полша ва Испания истеҳсол ва ба ҷумҳурӣ таҳвил ва васлу насб карда шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои навсозии агрегатҳои неругоҳ ва бехатарии садди он ба масъулини дахлдор барои иҷрои босифати корҳои таҷдиди агрегатҳо ва таҳкимбахшии ҳолати бехатарии садди неругоҳ дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва муҳимияти ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакатро дар таъмини пешрафту тараққиёти бештари иқтисодию иҷтимоии кишвар, хусусан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллии Тоҷикистон-саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ махсус таъкид намуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд.

Имрӯз дар Неругоҳи барқи обии «Норак» 710 нафар корманд, аз ҷумла 160 нафар занон фаъолият доранд. Шумораи ҳайати муҳандисӣ-техникии неругоҳ 204 нафарро ташкил медиҳад.

Соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба номи яке аз фарзандони фарзонаи миллат Турсун Ӯлҷабоев гузошта шуд.

Иқдомҳои навбатии созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» мебошад.

Таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои мазкур имконият медиҳад, ки онҳо боз садсолаҳо ба халқ хизмат намоянд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд