Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Тоҷикобод роҳпаймоӣ гузаронида шуд
ТОҶИКОБОД, 16.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомадҳои бошукӯҳ зиёда аз 1000 ҳазор нафар сокинон бо шумули кормандони идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва қаҳрамонони Тоҷикистон масофаи 2 километр роҳро тай намуданд.
Дар ин ҳамоиши идона масъулин, омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонону масъулини ҳукумати ноҳия оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории тоҷикон, саҳми Президент дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат изҳор карданд. Ҳозирин таҳти шиорҳои «Пайравони Пешвои миллатем!» ва «Пешвои миллат- ҳомии сулҳ!» шеърҳо қироат намуданд. Овозхонону мутрибони дастаҳои ҳунарии ин ноҳия табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилнишин шод гардониданд.
Зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун тамоми ҷумҳурӣ дар ноҳияи дурдаст ва кўҳистони Тоҷикобод корҳоеро ба анҷом расонидааст, ки бисту ҳашт сол пеш касе бовар намекард. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар ҷавоб ба ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат бо номи Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоянд, сиёсати Президентро аз сидқи дил амалӣ месозанд. Донаи умед мекоранд, ҳосил меғундоранд, ниҳол шинонда боғ бунёд мекунанд, фарзандони шоистаи давру замонро тарбия карда, ба воя мерасонанд, роҳу кўчаву хона сохта, диёри худро дар Тоҷикистон машҳур месозанд.
Муҳаббати Пешвои миллат дар дили мардум маскан гирифта, бо хуни онҳо омезиш ёфтааст. Дигар касе ин муҳаббатро аз синаи сокинони ноҳияи Тоҷикобод берун карда наметавонад.










Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид






