Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс медали тилло ба даст овард

Ноябрь 26, 2019 10:18

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки  дар  Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотираи Шокир Болтеулу доир шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Мусобиқаи байналмилалӣ аз  21 то 24 ноябр  дар шаҳри Актауи  Қазоқистон баргузор шуда, дар он  беш аз 70 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Россия иштирок намуданд.

Баҳодур Усмонов дар вазни  63 кг дар даври аввал бар Темирлан Кенирбаев, сипас бар Бағдат Увайдаев, дар нимфинал бар Зокир Сафиуллин ва дар финал бар Эртуган Зайнулинов (ҳама аз кишвари мизбон) ғалаба карда, соҳиби ҷойи аввал шуд.

Варзишгари  дигари ҷумҳурӣ Иззатулло Алиев бо вазни 52 кг дар даври аввал аз ҳарифи қазоқаш Куаниш Дуйсебай мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки ин шашумин медали Баҳодур Усмонов дар соли 2019 мебошад.

Ноябрь 26, 2019 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд