«Барои қадр кардани ободкориҳо нанг бояд дошт», «Себистон. Маъюбон соҳиби хонаи нав шуданд», -шарҳи матбуоти даврӣ

Ноябрь 28, 2019 16:17

ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар шумораи навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (27.11.2019, №224)  хабари муфассал аз  маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  27 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ба нашр расидааст.

Дар иттилоия омадааст, ки  дар кори маҷлис аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

«Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи зимистон, таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ бо гармӣ ва маводи сӯзишворӣ дар мавсими сармо ва вусъати корҳои ободонӣ ҷалб карданд»,- омадааст дар хабари мазкур.

Дар  ин  шумораи рӯзномаи  «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои  «Бохтар ободтар мешавад, агар…», «Муҳаммад Ғоиб сазовори Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов», «Экспертизаи хат. Аз ошкорсозии ҷиноят то шинохти хислати одамон», «Себистон. Маъюбон соҳиби хонаи нав шуданд»,  «Тоҷикистон – ошёни офтоб» ва дигар матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидааст.

Дар  хабари «Себистон. Маъюбон соҳиби хонаи нав шуданд»  омадааст, ки «дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  пайравӣ ба ташаббусҳои хайрхоҳонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба анъанаи неки соҳибкорону шахсони саховатпеша табдил ёфтааст. Дар доираи ҳамин тадбирҳо дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  бо ёрии як гурӯҳ нафарони  саховатпеша  ба оилаи марди  80 — сола бобои Раҳмон Юсуфалиев, ки дар оила 4 фарзанди маъюб дорад,  манзили истиқоматии замонавӣ бо ашёи зарурии рӯзгор  тақдим гардид».

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№142 аз 26.11.2019)   ин шумораашро  ба  ҷаласаи навбатии  Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 22 ноябри соли равон таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров гузашт, бахшидааст. Рӯзнома ҷараёни пурраи  ин ҷаласаро, ки дар он «Лоиҳаи Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои соли 2020 ва  дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022»  баррасӣ гардид, интишор намудааст.

Дар шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (27.11.2019, №49)   хабару гузоришҳо  зери сарлавҳаҳои «Глава государства Эмомали Рахмон принял участие  в сдаче в эксплуатацию ряда объектов», «Лидер нации встретился  с работниками судебных органов», «Суд должен защищать права и свободы граждан» ва ғайраҳо   аз  фаъолияти    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳафтаи гузашта  рӯи чоп омадаанд.

Дар ин шумораи рӯзнома  мавод таҳти унвони «Душанбе – город возможностей для развития детей» нашр гардидааст, ки дар он   аз  баргузории  Форуми байналмилалӣ бахшида ба  30-солагии Конвенсияи СММ оид ба   ҳуқуқи кӯдак  дар пойтахти мамлакат  тайи ду рӯз – 20 ва 21 ноябр  иттилоъ дода шудааст.

Ҳамзамон дар ин  шумора матолиб  зери рубрикаи «Аз Паём то Паём», «Правовое воспитание – важная составляющая профилактика правонарушений в молодежной среде» ва «Комрон Дустов: «Тенденция роста промышленности Таджикистана сохраняется» нашр гардидаанд.

«Международное  сообщество признало ПИВ террористической организацией», «В Национальной библиотеке созданы все условия для проведения конкурса», «Шириншо Шотемур – борец за установление справедливости» , «Открытие праздничных объектов в городе Бохтар» ва ғайраҳо аз ҷумлаи  хабару гузоришҳои  ҷолибанд, ки пешниҳоди хонандагон  гардидаанд.

Дар шумораи навбатии Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№48 аз 27.11.19) дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидаанд: «Такягоҳи боэътимоди мардум», «Ҳизби созандаи даврони соҳибистиқлол», «Баррасии вазъи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҳбасҳо», «Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ –ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст», «Амали наҳзатиҳо таҳдид ба амнияти Тоҷикистон аст»,«Оини ватандорӣ», «Қиссаи сипаҳсолори тоҷик. Аз рӯзгори Афшини Усрушанӣ, Қайсари Румро мағлуб кард», «Оре, ҳар кас ҷавҳари илм аст, вологавҳар аст..», «Бозори суханаш гарм буд», «Чунин гуфт Фирдавсии номвар», «Ғизои солим» ва ғайраҳо.

Нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» дар шумораи  навбатӣ (№44  аз 27.11.2019)  чун ҳамеша аз ҳаёти   сиёсиву иҷтимоии пойтахт хабару гузоришҳои муфассалро пешниҳоди хонандагони ҳафтанома намудааст. Аз ҷумла,  дар саҳифаи аввали  рӯзнома  мавод аз ҷараёни ифтитоҳи чанд иншооти нав дар пойтахт, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ гардиданд,  зери сарлавҳаи «Пешвои миллат дар пойтахт як қатор иншоотро ифтитоҳ карданд» ба нашр расидааст.

Ҳамзамон  дар ин шумора хабари мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе бо Сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  чоп гардидааст.

«Масъулиятшиносии дандонпизишкон – омили пешгирии бемориҳои сироятӣ» аз матолиби дигари  ҳафтанома аст, ки  дар он хабарнигори нашрия  доир ба  роҳҳои паҳншавии бемориҳои дандон ва каммасъулиятии баъзе дандонпизишкон   ибрози андеша намуда,  онро ба қазовати хонандагон гузоштааст.

«Сабабҳои фарбеҳӣ аз нигоҳи равоншиносон», «Қаллобон ба даст афтоданд», «10 макони пурхатари олам» ва «Се ҷоизаи байналмилалии бонуи тоҷик» аз ҷумлаи матолиби  дигари «Мароми пойтахт»  мебошанд, ки дар ин шумора мунташир шуда,  аз мутолиаи онҳо хонандагон маълумоти зарурӣ пайдо хоҳанд кард.

Дар шумораи  навбатии нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаҳои зерин ба нашр расидаанд: «Барои қадр кардани ободкориҳо нанг бояд дошт»«ДДОТ –макон ва минбар барои омӯзгорони ҷавонон», «Медали тиллои Ислом Толибов дар Чемпионати Осиё», «Ифодагари манфиатҳои мардум»«Алҳазар аз «мӯди забонӣ» ва ғайраҳо.

Муаллифи мақолаи  «Барои қадр кардани ободкориҳо нанг бояд дошт» Машҳур Имомназаров аз дастоварҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат  ёдовар шуда, аз ҷумла нигоштааст: «Набояд чунин ободиҳоро нодида гирему аз ҷумлаи одамони ношукр бошем. Барои қадр кардани корҳои созандагӣ нанг бояд дошт, зеро аҷдодонамон гуфтаанд:  «Шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад… »

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 28, 2019 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он