Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаи таваққуфгоҳҳои муосири бисёрсатҳаро таҳия намудааст.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар навбати аввал таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа дар кӯчаю хиёбонҳои сермошини пойтахт сохта мешаванд. Мақсад аз бунёди ин таваққуфгоҳҳои муосир таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, бехатарии пиёдагардон, бартараф намудани танбашавии роҳҳои мошингарди пойтахт ва пешгирӣ аз таваққуфи мошинҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, айни ҳол дар шаҳри Душанбе бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои пешрафта сохтмони намунавии чунин таваққуфгоҳҳо, ки фаъолияти онҳо ба таври худкор ба роҳ монда шудааст, оғоз гардидааст. Тибқи ин лоиҳа, дар шаҳри Душанбе бунёди таваққуфгоҳҳои то 6-сатҳа барои нигоҳдории нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.










Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид






