Дар минтақаи Кӯлоб 26 номгӯй дорувории муҳлаташ гузашта аз муомилот гирифта шуд

Ноябрь 4, 2019 11:39

ДУШАНБЕ, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб ҷиҳати ошкор ва аз муомилот гирифтани доруҳои муҳлати истеъмолашон гузашта ё пастсифат тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Тавре сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақаи Кӯлоб Тавар Ёқубов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, феълан дар минтақаи Кӯлоб 282 муассисаи фармасевтӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин рақам ба шаҳри Кӯлоб — 90, ноҳияи Восеъ — 48,  ноҳияи Фархор — 40, ноҳияи Балҷувон – 3, ноҳияи Темурмалик – 8, ноҳияи Ховалинг – 16, ноҳияи Ҳамадонӣ – 32, ноҳияи Данғара – 27, ноҳияи Муъминобод – 9 ва ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 9 адад рост меояд.

Мавсуф зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли равон ҳангоми гузаронидани  санҷиш аз муассисаҳои фармасевтии дар минтақаи Кӯлоб фаъолияткунанда 34 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба андозаи 712 адад, 26 номгӯй дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ба миқдори 547  адад аз муомилот гирифта шуданд. Ҳамчунин 8 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 165  адад ошкор гардид.

«Дар 9 моҳи соли 2019 аз ҷониби мутахассисони Раёсат дар самти фаъолияти фармасевтӣ аз дорухонаҳо ва муассисаҳои табобатию пешгирикунанда 87 номгӯй доруворӣ ба миқдори 131  адад, ки  муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати сифат буданд, аз муомилот гирифта шуд»,- изҳор дошт сармутахассиси Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақаи Кӯлоб Бахтиёр Зулфалиев.

Гуфта шуд, ки дар 9 моҳи соли равон 1 тоннаю 135 кг маводи дорувории тиббии муҳлати истифодаашон гузашта тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд.

Ба иттилои Б. Зулфалиев, дар ин давра аз ҷониби беморхона ва дорухонаҳое, ки дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунанд, ба миқдори 24 ҳазору 26 адад ё 611 номгӯй дорувории муҳлати истеъмолашон гузашта барои безарар гардонидан ба Раёсати хадамот супорида шуд.

Кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳангоми гузаронидани санҷиш нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтии дар минтақа фаъолияткунанда ба маблағи 47 ҳазору 960 сомонӣ 20 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.

Тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони мазкур ҷарима баста шуданд.

Ноябрь 4, 2019 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид