Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар мавзуи «Шарҳи тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Нигора Муқимӣ иброз намуд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба принсипи баробарии ҳама дар назди қонун ва суд асос ёфта, давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар касро новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк кафолат медиҳад. Ин принсип дар сиёсати давлатии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар «Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2038» ҷойгоҳи марказӣ дорад.
«Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» мафҳуми табъиз ва шаклҳои бевосита ва бавоситаи он муайян гардида, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз табъиз ташаккул ёфт. Тибқи меъёрҳои он тасдиқи Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаи онҳо ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани худи экспертиза ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз вогузор шуд», — афзуд Нигора Муқимӣ.
Дар доираи ҳамоиш изҳор гардид, ки тибқи моддаи 12 Қонуни мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2026, Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд.
Мувофиқи он, экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳоро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гузаронида, оид ба мутобиқати онҳо ба қонунгузорӣ дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз хулоса медиҳад. Муҳлати гузаронидани экспертиза як моҳ муайян гардидааст. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ метавонанд экспертизаи ҷамъиятии зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро гузаронанд.
Дар идомаи чорабинӣ маърузаҳо муҳокима гардида, иштирокчиён саволҳо ба миён гузошта, ба онҳо посухҳои муфассал гирифтанд. Дар хотимаи ҳамоиш натиҷаҳо ҷамъбаст гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд






