Дар Москва ҷаласаи Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад

Ноябрь 19, 2019 10:05

ДУШАНБЕ, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад. Ҷаласаи Шӯрои маҳфил бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия роҳандозӣ шуда, он таҳти раёсати раиси Шӯрои намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов гузаронида мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шӯро роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», роҳбарони намояндагии маҳфил дар шаҳр, вилоятҳои Федератсияи Россия ва аъзои фаъоли маҳфил иштирок менамоянд. Ҷаласаи  Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар як сол як маротиба доир шуда, дар он вобаста ба тақвияти кори маҳфил дар Федератсияи Россия, амалинамоии нақшаи кори маҳфил, ба роҳ мондани амалишавиии Нақшаи фаъолияти кори маҳфил барои солҳои 2019 -2020, баргузории барномаҳои гуногуни адабию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва ҳамзамон як зумра масъалаҳои ҷорӣ мавридӣ баррасӣ қарор дода мешаванд.

Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳоло маҳфил  намояндагии худро дар 16 давлати дунё таъсис додааст.

Дар Федератсияи Россия намояндагии маҳфил дар заминаи дастгириҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фаъолият намуда, то кунун дар беш аз 25 минтақаи Федератсияи Россия намояндагии маҳфил таъсис ёфтааст.

Ноябрь 19, 2019 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид