Дар вилояти Суғд озмуни «Шириниҳои миллӣ ва муосир» доир мешавад

Ноябрь 26, 2019 14:36

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моҳи декабри соли равон  дар вилояти Суғд  Озмуни «Шириниҳои миллӣ ва муосир» доир карда мешавад. 

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи озмуни   «Шириниҳои миллӣ ва муосир» тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби тарзу усули тайёр кардани шириниҳои милливу муосир ва дарёфти беҳтарин кадбонуҳо мебошад.

Озмуни мазкур  дар се давр: сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  шаҳру ноҳияҳо ва  вилоятӣ доир гардида, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Ғолибони озмун аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин ширинии миллӣ» ва «Беҳтарин ширинии муосир» муайян гардида, бо диплому сипоснома ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ноябрь 26, 2019 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд