Футболбозони то 17-солаи тоҷик аз Ҷоми ҷаҳон-2019 ба Ватан баргаштанд

Ноябрь 7, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 07.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол баъд аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар кишвари Бразилия ба Ватан баргашт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, ба пешвози футболбозони наврас ба толори меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дӯстону пайвандон омада буданд. Пас аз пешвозгирии самимӣ масъулин бо ҳайати мунтахаб суҳбат доир карда, барои иштирокашон дар ин мусобиқоти бонуфуз ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Иштирок дар мусобиқоти фароҷаҳонӣ, ки воқеан футболбозони навраси мо новобаста аз рақибони пурқуввати хеш дар он бозии ҷолиб нишон доданд, гувоҳи он аст, ки мо дар оянда метавонем дар ин соҳа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Танҳо барои беҳтар аз худ кардани малака бо ин гуна рақибон бояд неру санҷид.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  Зайниддин Раҳимов ба роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат  барои муҳайё кардани шароити тамрин ҷиҳати омодагӣ ба чемпионат изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ ваъда дод, ки минбаъд баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, хусусан соли оянда дар Ҷоми Осиё, ки дар Ӯзбекистон байни ҷавонони то 19-сола баргузор мегардад, тамоми қувваю маҳораташонро сарф менамояд, то дастпарваронаш бо сари баланд ба Ватан баргарданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар бозии ниҳоии даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2019 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон   аз  дастаи  мунтахаби  наврасони  Аргентина бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Голи дастаи Тоҷикистонро Рустам Соиров аз пеналтӣ ба ҳадаф расонид. Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи «Е» аз се бозӣ 3 хол ба даст оварда, натавонистанд ба даври 1/8-финал роҳ ёбанд. Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Аргентина ба даври дигар баромаданд. Новобаста ба он ки футболбозони мо натавонистанд ба даври дигар роҳ ёбанд, вале мухлисон шоҳид шуданд, ки онҳо дар ҳар се бозӣ муқобили чемпионҳои Африқо, Аврупо ва Амрико бо тамоми қувва ҳунарнамоӣ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.

Ноябрь 7, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад