Хонандагони вилояти Суғд соҳиби Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ гардиданд

Ноябрь 8, 2019 10:33

ДУШАНБЕ, 08.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз  25 октябр то 3 ноябр дар шаҳри  Анталияи Ҷумҳурии Туркия бо ширкати 1000 нафар хонандагон аз 14 давлати  ҷаҳон аз фанҳои химия, биология, забони англисӣ, география ва математика олимпиадаи байналмилалӣ доир гардид. Дар он хонандагони тоҷик аз фанни биология соҳиби Ҷоми олимпиада гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар олимпиада аз вилоят 26 нафар хонандагон таҳти роҳбарии Дилбар Исмоилзода ширкат намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, хонандагони вилоят бо дарёфти  13 ҷойи аввал, 5 ҷои дуюм ва 8 ҷойи сеюм миёни дигар давлатҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Дар ин дастоварди назаррас саҳми хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон хеле назарас мебошад.

Ноябрь 8, 2019 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд