ИМРӮЗ БА ҚАБУЛИ КОНВЕНСИЯИ СММ ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК 30 СОЛ ПУР ШУД. Ба ин муносибат дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Саммити миллии кӯдакон доир гардид

Ноябрь 20, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Саммити миллии кӯдакон бахшида ба таҷлили 30-солагии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак доир гардид.

Дар кори ҳамоиш муовини Сарвазир, Раиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини, Сафир ва роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо  дар Тоҷикистон Мэрилин Ҷозефс, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Мэттю Лоусон ва намояндагони мамлакатҳои аъзои ин Конвенсия, шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва кӯдакону наврасон иштирок намуданд.

Тавре роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини иброз дошт, «Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ҳодисаҳои мушкилро аз сар гузаронид. Вале новобаста аз ин ҳуқуқи кӯдаконро дар мадди аввал гузошта, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Тӯли 26 сол Тоҷикистон дар ин самт ба пешравиҳои назарас ноил гардидааст».

Ин дар ҳолест, ки 20 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид.

Мақсади таҷлили ин рӯз он аст, ки диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷалб карда шавад.

Тавре дар суҳбат мутахассис оид ба иртиботи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаид дар Тоҷикистон Шуҳрат Шарипов иброз дошт, «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи генералӣ қабул ва аз ҷониби 196 давлат эътироф шудааст. Конвенсия ҳуқуқи кӯдаконро ба таҳсил, сатҳи муносиби зиндагӣ ва инчунин ҳифзи онҳоро аз ҳама шаклҳои зӯроварӣ ва табъиз таъмин менамояд».

Мавсуф иброз дошт, ки «ҳамоиши имрӯза ба 30-солагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак  бахшида шуда, инчунин барномае, ки соли 2017 оид ба хуқуқи кӯдак  матраҳ гардида буд, таҳия ва пешниҳоди ҳамаи мамлакатҳо гардонида шуд».

Дар тӯли 30 соли пас аз қабули Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон фавти кӯдакони то панҷсола 60 фоиз коҳиш ёфтааст. Агар қаблан тақрибан панҷяки кӯдакон (18 фоиз) ба мактаб нарафта бошанд, имрӯз 8 фоизи онҳо таҳсил намекунанд. Фавт дар байни кӯдакони то панҷсола 60 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин танҳо як мисоли пешрафт дар ҳифзи кӯдакон аст. Аммо дар тамоми ҷаҳон миллионҳо кӯдакон дар фақр зиндагӣ мекунанд, ба мактаб намераванд ва мавриди хушунат қарор мегиранд.

Ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Зеро дар моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода иброз дошт, ки «сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоӣ мебошад ва он пеш аз ҳама, ба кӯдакону наврасон  нигаронида шудааст.

Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид, ки он асосҳои озодии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад».

Тавре Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ зикр намуда буданд: «Мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои наврасамон хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замона гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд».

Дар баробари ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ  ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» яке аз тадбирҳои дигари муҳими роҳандозинамудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад, ки 2 майи соли 2007 қабул гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент