Корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба истеҳсоли автобусҳои дарозиашон 8 метр оғоз менамояд

Ноябрь 22, 2019 16:54

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»  тасмим гирифтааст, ки  бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар  дар пойтахт   то охири соли равон   100 адад автобусҳои 12-метраи  тамғаи «AKIA»-ро  (бо ғунҷоиши 98  мусофир, ки  26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст дорад),  истеҳсол намуда,  ба  корхонаҳои коммуналии нақлиёти мусофиркашони  пойтахт  интиқол диҳад.  Айни ҳол  57 адади ин   автобусҳо  истеҳсол шуда, дар хатсайрҳои шаҳр ба  сокинону меҳмонони пойтахт  хизмат мерасонанд. Корхона дар оянда истеҳсоли панҷ намуди нақлиёти мусофирбарро  ба нақша гирифта,  дар марҳилаи дуюм, моҳҳои декабри соли равон  ё январи соли 2020  ба  истеҳсоли автобусҳои дарозиашон 8-метра   оғоз менамояд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар корхонаи мазкур марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи мазкур  истеҳсоли микроавтобусҳоро низ роҳандозӣ менамояд. Ин масъала мавриди баррасӣ қарор дошта, ҳоло се намуди микроавтобус харидорӣ  шуда,  барои  озмоиш дар яке аз хатсайрҳои пойтахт  ба кор шурӯъ менамоянд. Баъди анҷоми муҳлати озмоишӣ мутахассисони корхона ба хулоса меоянд, ки кадоме аз онҳо барои хизматрасонӣ муносиб дониста мешавад ва сипас  ба  истеҳсоли оммавии он шурӯъ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум, ки 13 ноябр баргузор гардид,  вакилон қарорро «Дар бораи Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси «Маркази хизмат­расонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карданд.

Ёдовар мешавем, ки  19 марти соли равон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.

Сохтмони корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба итмом расонида шуд. Ҷамъият ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати тиҷорати туркии «Улишем» таъсис дода шуда, фаъолияти он баҳри расидан ба ҳадафи миллии эълонгардида дар самти саноатикунонии  мамлакат  равона  шудааст.

Дар корхонаи мазкур 6 хатти истеҳсолӣ мавҷуд аст: хатти кафшергарӣ, таҳрангмолӣ ва рӯпӯшкунӣ, рангуборкунӣ, басту банди механикию электрикӣ ва назорати ниҳоии сифат. Ҳар як хатти истеҳсолӣ бо технологияҳои пешрафта ва муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳаҷми умумии андозҳои аз оғози татбиқи лоиҳа ба буҷети давлатӣ пардохтнамуда то 1 ноябри соли 2019  4 миллиону 586 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мутахассисони корхона барои баланд бардоштани малака ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Туркия аз омӯзиш гузаштаанд. Маҳз баланд бардош­тани савияву малакаи мутахассисони маҳаллӣ барои сари вақт бандубаст намудан ва тибқи тартиби муқарраргардида супоридани автобусҳоро ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе имконпазир гардонид. Ҳоло як сол аст, ки автобусҳои таҳвилёфта ва дар  мамлакат  бандубастгардида дар хатсайрҳои пойтахт ба хизматрасонӣ машғуланд.

Автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5» буда, бо муҳаррикҳои ширкати бонуфузи «Мерседес Бенз» ва «Zahnrad Fabrik» муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харидорӣ мешаванд.

Тавре  директори иҷроияи ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Зафарҷон Бурҳонзода зикр кард, «корхонаи муштарак оид ба ­васлу насб ва истеҳсоли автобусҳо як сол аст, ки муназзам фаъолият  намуда, дар он беш аз 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.  Сатҳи касбияти мутахассисони корхона баланд гардида, онҳо аз уҳдаи кор мустақилона мебароянд. Мо, тибқи нақша, истеҳсоли панҷ намуди нақлиёти мусофирбарро роҳандозӣ хоҳем кард».

Ба гуфти номбурда, ҳоло 10 фоизи қисмҳои эҳтиётии зарурии автобусҳо  дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд ва бо мақсади дар дохили  мамлакат истеҳсол намудани  як қисми онҳо   бо роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав  гуфтушунид шудааст.

З.Бурҳонзода  таъкид намуд, ки «барои истеҳсоли автобус 500 намуди қисмҳои эҳтиётӣ заруранд ва мо  ба корхонаҳои саноатӣ пешниҳод хоҳем кард, ки истеҳсоли як қисми онро дар дохили ҷумҳурӣ роҳандозӣ намоянд. Бовар дорем, ин иқдом давра ба давра амалӣ карда мешавад».

— Дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудани автобусҳо, ба арзиши аслӣ таъсир мерасонад. Арзиши чунин автобусҳо дар Туркия ба 132 ҳазор евро, дар дохили ҷумҳурӣ ба 110 -115 ҳазор евро баробар аст. Яъне, ҳам арзиши он камтар асту ҳам сабаби таъсис ёфтани ҷойҳои корӣ гардидааст, -гуфт директори иҷроияи корхонаи мазкур.

Яке аз хусусиятҳои рақобатнокии автобусҳои истеҳсолшаванда он аст, ки ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи «Акиа» бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол карда мешаванд. Ин ба кам намудани вазни умумӣ оварда расонида, аз ин ҷиҳат сарфакунии хароҷоти сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин муҳлати истифодаи автобусҳо зиёд мегардад. Автобусҳо бо 5 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, таҷҳизоти гармиву хунукидиҳанда муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли бароҳати мусофирон хизмат мерасонанд.

Фаъолияти корхонаи муштарак ба қонеъ намудани талаботи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти истеҳсолнамуда ва содироти он ба кишварҳои минтақа равона гардидааст.

 Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2019 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни духтарон доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид
Оид ба рушди бонизоми зеҳни сунъӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Олимпиадаи V даставии хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе аз фанни технология баргузор мегардад
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мешавад
Доир ба татбиқи «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025» ҷаласа баргузор шуд
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
«САЙРИ САДА». Дар Душанбе таҳти ин унвон барои иштирокдорон ва меҳмонони хориҷӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардид
«БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН». Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалишавии он дар пойтахт ба тавсиб расид
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
«САЙРИ САДА». 1 феврал барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайрҳои сайёҳии ройгон ташкил мешаванд
Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид