Маҷлиси намояндагон Қонун «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»- ро қабул намуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»- ро баррасӣ ва қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима шуд.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» бо риояи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардида, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Зимнан, роҳбарияти Тоҷикистон ба муқовимат бо терроризму экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешидааст. Қабул ва татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Қабули қонуни мазкур аз сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб шаҳодат медиҳад. Зеро бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби замони муосир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳурот дар муҳлати се моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» — ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд.
Дар иҷлосия инчунин як қатор масъалаҳои дигар баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






