«Мустаҳкамии оила – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд»-таҳти ин унвон конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» таҳти унвони «Мустаҳкамии оила – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд» конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, аъзои Шӯрои занони сулҳовари назди Кумита ва намояндагони «Лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкат намуданд.
Муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкурро баррасии масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо назардошти хусусиятҳои замони муосир, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таъмини пойдории оила, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили зӯроварию шиканҷа, терроризму ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва дигар масоили таъсиррасон ба муносибатҳои аъзои оила, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва дарёфти роҳи ҳалли он, арзёбӣ намуд.
Инчунин мавсуф аз дигар падидаҳои манфӣ дар ҷомеа, ки ба муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандон таъсири бевоситаи худро мерасонад, изҳори нигаронӣ намуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар оила ва ҷомеа нисбат ба занону кӯдакон ва пиронсолон зӯроварӣ ҷой дорад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзу шикоятҳои шаҳрвандон вобаста ба зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, соли 2016 — 2624 муроҷиат, соли 2017- 2911, соли 2018 — 3048 ва соли 2019 2707 муроҷиатро ташкил медиҳад.
Корманди шуъбаи кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Паринамо Ғуломҳайдарова дар мавӯи “Сабабу омилҳои зиёдшавии пошхурии оилаҳо дар ВМКБ” маърӯза намуда, зикр кард, ки соли 2019 дар вилоят 154 ҳолати никоҳи давлатӣ бекор карда шудааст. Дар вилоят ҷудошавии оила аз ҳама бештар дар шаҳри Хоруғ ва дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳияи Ванҷ солҳои қаблӣ ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта нашуда буд, аммо соли равон шумораи ҷудошавӣ дар ин ноҳия 19 ҳолатро ташкил медиҳад, ки боиси нигаронист.
Ҳамчунин дар конференсияи мазкур намояндагони дигар вазорату кумитаҳои мамлакат дар мавзӯи мустаҳкамии оилаҳо маърӯза намуда қайд карданд, ки дар ин самт фаъолияти пурсамар ба роҳ монда шуда, ҳар чӣ бештар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, илмӣ, амалӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ, шоу — барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби коршиносони соҳа, оилаҳои баруманду намунавӣ, фаъолони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир карда шавад.
Дар ҷамъбасти конфиренсия аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати ҳал ва бартарф намудани хатарҳои дар ҷомеа ҷой дошта ва баҳри пойдории оилаи пешниҳодҳо сурат гирифт.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»










Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд






