«Мустаҳкамии оила – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд»-таҳти ин унвон конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ сурат гирифт

Ноябрь 26, 2019 16:58

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» таҳти унвони  «Мустаҳкамии оила – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд» конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.  Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо, аъзои Шӯрои занони сулҳовари назди Кумита ва намояндагони «Лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ширкат намуданд.

Муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкурро баррасии масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо назардошти хусусиятҳои замони муосир, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таъмини пойдории оила, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили зӯроварию шиканҷа, терроризму ифротгароӣ, хурофотпарастӣ,  худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО  ва дигар масоили таъсиррасон  ба муносибатҳои аъзои оила, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва дарёфти роҳи ҳалли он, арзёбӣ намуд.

Инчунин мавсуф аз дигар падидаҳои манфӣ дар ҷомеа, ки ба муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи фарзандон таъсири бевоситаи худро мерасонад, изҳори нигаронӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар оила ва ҷомеа нисбат ба занону кӯдакон ва пиронсолон зӯроварӣ ҷой дорад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзу шикоятҳои шаҳрвандон вобаста ба зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, соли 2016 — 2624 муроҷиат, соли 2017- 2911, соли 2018 — 3048 ва соли 2019 2707 муроҷиатро ташкил медиҳад.

Корманди шуъбаи кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Паринамо Ғуломҳайдарова дар мавӯи “Сабабу омилҳои зиёдшавии пошхурии оилаҳо дар ВМКБ” маърӯза намуда, зикр кард, ки соли 2019 дар вилоят 154 ҳолати никоҳи давлатӣ бекор карда шудааст. Дар вилоят ҷудошавии оила аз ҳама бештар дар шаҳри Хоруғ ва дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳияи Ванҷ солҳои қаблӣ ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта нашуда буд, аммо соли равон шумораи ҷудошавӣ дар ин ноҳия 19 ҳолатро ташкил медиҳад, ки боиси нигаронист.

Ҳамчунин дар конференсияи мазкур намояндагони дигар вазорату кумитаҳои мамлакат дар мавзӯи мустаҳкамии оилаҳо маърӯза намуда қайд карданд, ки дар ин самт фаъолияти пурсамар ба роҳ монда шуда, ҳар чӣ бештар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, илмӣ, амалӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ, шоу — барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби коршиносони соҳа, оилаҳои баруманду намунавӣ, фаъолони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир карда шавад.

Дар ҷамъбасти  конфиренсия аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати ҳал ва бартарф намудани хатарҳои дар ҷомеа ҷой дошта ва баҳри пойдории оилаи пешниҳодҳо сурат гирифт.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 26, 2019 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид