ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, борони шиддатнок меборад

Ноябрь 4, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 04.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 6 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр боридани барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  борон ва барф  меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм    ва рӯзона 7+12 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, боридани борон ва барф  дар назар аст. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5  ва   рӯзона    3+8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  абрнок шуда,  борон меборад. Дар  баландиҳои зиёда 1 100 метр  барфи тар меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борони пуршиддат меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 8+13  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона  3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 1 200 метр барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо шиддати борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок  шуда, борон меборад. Дар баъз ҳолатҳо борон шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона ва  рӯзона  10+12  дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 4, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд