Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ноябрь 23, 2019 18:00

23 ноябри соли 2019

Ҳамватанони азиз!

Бо камоли ифтихор тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳимми давлати миллии мо буда, мояи сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.

Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад.

Парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва баъдан, 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, ки имсол ба ин санаи муҳим даҳ сол пур мешавад.

Ливои зафару нусратҳои мардуми кишварамон ҳамаи моро ба сӯи ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон ҳидоят менамояд.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад.

Парчами миллӣ бар фарози иншооти азим, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳу корхонаҳо барафрохта шуда, солҳои охир дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо майдони парчам бунёд гардиданд. Ҳоло майдонҳои парчам ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои ватандӯстонаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла ҷавонон табдил ёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки ойини бостонии парчамдорӣ — аз дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ — дар тӯли таърихи дуру дарози тоҷикон имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди мо таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд.

Қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят ҳассос – нахустин солҳои таърихи давлати ҷавону тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавони тоза бахшид, эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии парчами давлати озоди худ сохтори конститутсиониро барқарор намоянд.

Нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат маҳз зери Парчами давлатӣ сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд. Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд, барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам оварда, ба амнияти давлатҳо, аз ҷумла ба фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азизи мо таҳдид менамоянд.

Аз ин рӯ, мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон зери парафшонии Парчами давлати худ барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ — сисолагии истиқлоли давлатӣ саъю талош карда, ҳадафҳои бузургу созандаро амалӣ месозанд.

Дар ин раванд, Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад ва ба мо дар ҷодаи ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба тамоми сокинони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватан бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Ноябрь 23, 2019 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд