Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд

Ноябрь 7, 2019 23:02

ДУШАНБЕ, 07.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Франсия мулоқот карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо ҳамватанон изҳори хушнудӣ карда, бо онҳо дар бораи пешравиҳои Ватан ва оид ба рӯйдодҳои муҳим дар кишвари маҳбубамон суҳбат карданд.

Таъкид гардид, ки имсол мардуми кишвар 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, барои истиқболи сазовори 30-солагии ин санаи муҳим талош меварзанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати мамлакат бо аксари кулли кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, андешаронӣ карданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Пешвои миллат ва намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия суҳбати самимӣ доир шуд.

Иштирокчиёни мулоқот ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳи беандозаашон нисбат ба ҳамватанон изҳори сипос карданд.

Мулоқот бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия 07.11.2019

Ноябрь 7, 2019 23:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон