Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак»-ро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 22, 2019 11:38

ДУШАНБЕ, 22.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 300 нафар кӯдак дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Ин кӯдакистон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст, оилаи Табаралиевҳо дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардид.

11 синфхонаи кушоду барҳавои бо ҳама шароити зарурӣ муҷаҳҳаз ва ҷалби омӯзгорони ботаҷриба имкон фароҳам меорад, ки кӯдакони ин боргоҳи маърифат дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд.

Таълиму тарбия дар ин кӯдакистони хусусӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулин нақша доранд, ки дар оянда таълимро бо забони тоҷикӣ ҳам ҷорӣ намоянд.

Дар муассисаи замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, фарзандони сокинони шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Ҳангоми корҳои сохтмонӣ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Ба роҳ мондани таълим аз рӯи усули нави «математикаи беҳамто» аз бартариятҳои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак» мебошад.

Дар муассиса барои рушди зеҳнии кӯдакон маҳфилҳои расмкашӣ, кулолгарӣ ва хореография созмон дода шуда, ҷиҳати рушди ҷисмонии онҳо машғулиятҳои шиноварӣ ва гимнастикаи солимгардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Кӯдакистон ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, кинотеатр, утоқҳои коргарону роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Дар таҳхонаи бино ҳавзи шиноварии зимистона, таҷҳизоти барқӣ ва дигар шароити маишӣ ҷойгиранд.

Баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар ин муассисаи соҳаи маориф дар саҳни ҳавлии он 4 айвонча, нуқтаҳои бозӣ муҷаҳҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, майдончаи омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ҳавзи шиноварӣ сохта шудаанд, ки кӯдакон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ гардида, шабона пурра чароғон аст.

Ҳамзамон бо азми соҳибкорони ватандӯст зиёда аз як километр роҳ асфалтпӯш гардида, барои таъмини неруи барқ як трансформатори тавоноияш 400 кВА насб шудааст. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани иншоот муассиса ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маориф рушд намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иншооти замонавӣ барои насли оянда ба истифода дода шудаанд ва хушбахтона, чунин иқдом аз тарафи соҳибкорону дигар шахсони ватандӯст идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони замонавиро туҳфаи арзишманд дар Рӯзи парчами давлатӣ маънидод намуда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити муҳайёгардида кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соқибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ва кори сохтмончиён баҳои баланд дода, фаъолияти ин муассисаро баробари саҳм гузоштан дар тарбияи насли ояндасози давлат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ибратомӯз маънидод намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Табассуми офтобак" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 22.11.2019

Ноябрь 22, 2019 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мюн барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд