Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот намуданд

Ноябрь 6, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 06.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфедератсияи Швейтсарияро ба ҳайси яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ карда, аз сатҳу мӯҳтавои ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории бонкию молиявии ду кишвар, такмили низоми бонкӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, кӯмакҳои техникӣ ва машваратӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва бозомӯзии кормандонро дар доираи ниҳодҳои молиявии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) муҳокима карданд.

Вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ баҳри мусоидат кардан ба рушди иқтисод, зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузории Швейтсария имкон доранд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, сабзавоту меваҷот, фаъолона иштирок намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Мулоқот бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан 06.11.2019

Ноябрь 6, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид