Рӯзи Президенти Тоҷикистон барои миллати тоҷик ҷашни баҳамоӣ, саодату сарбаландӣ ва фатҳу зафар аст
ДУШАНБЕ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Президенти мо – ифтихори мо» ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон доир гардид.
Дар кори ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, сардори Раёсати рушди маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзод, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латифзода, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 6 ҳазор нафар ҷавонони касбу кори гуногун, аз ҷумла гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҷоизадорони ба номи Исмоили Сомонӣ, варзишгарони маъруф ва сарбозону афсарони вазорату идораҳои қудратии мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик рӯзи баҳамоӣ, саодату сарбаландӣ ва фатҳу зафар аст.
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи воқеии ҷавонону варзишгарон қарор гирифтаанд. Фаъолияти пурсамар, сиёсати созанда ва иқдоми наҷиби Пешвои миллат сармашқи фаъолияти насли ҷавон буда, онҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ иброз менамоянд, ки «мо пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастем ва дар пайравӣ аз сиёсати созанда ва ватанпарваронаи Президенти маҳбуби миллат талош менамоем, ки донишҳои муосирро аз худ намуда, ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҷиҳати ҳимояи марзу буми давлатӣ ва арзишҳои миллию дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат талош менамоем»,- гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода.
Дар доираи ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Президенти мо – ифтихори мо» аз номи сарбозону афсарони қисмҳои низомии мамлакат ва ҷавонону варзишгарон дар ҳамдиливу ҳамовозӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома қабул гардид.
Пас аз баргузории ҳамоиш барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта баргузор шуд.













Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






