Роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ вазъият дар Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

Ноябрь 7, 2019 09:32

ДУШАНБЕ, 07.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 7 ноябр дар Тошканд ҷамъ омада, таъсири вазъи шимоли Афғонистон ба вазъият дар Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад.

«7 ноябр дар Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ҷаласаи 47-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Ҷаласа дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал баргузор мегардад», — омадааст дар хабар.

Зикр шудааст, ки диққати асосӣ ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дода мешавад. Роҳбарони хадамоти махсуси ИДМ вазъияти шимоли Афғонистон ва таъсири он ба вазъият дар Осиёи Марказиро муҳокима хоҳанд кард.

«Зарур аст, ки чораҳои иловагӣ дар самти муқовимат ба фаъолияти террористӣ, инчунин роҳ надодан ба ангезаи бадбинии байни миллатҳо ва мазҳабҳо дар кишварҳои мо роҳандозӣ карда шаванд», — илова намуд манбаъ.

Афғонистон манбаи асосии таҳдидҳои террористӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Террористон кишварҳои ин минтақаро ҳамчун пойгоҳи ҷалбкунанда барои пур сохтани сафи худ ва паҳн намудани идеологияи тундгароии исломӣ медонанд. Тибқи маълумоти хадамоти махсус, дар Афғонистон якчанд ҳазор ҷангҷӯён ҳастанд, ки худро бо созмони террористии байналмилалии «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пайванд медонанд.

Ноябрь 7, 2019 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд