Рустами Эмомалӣ ба масъулин оид ба назорати риояи қонун дар бораи манъи парваришу нигоҳдории чорво дар ҳудуди Душанбе дастур дод
ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдор вобаста ба назорати иҷрои талаботи қонун дар бораи манъи парваришу нигоҳдории чорво ва ҳайвоноти хонагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастур дод. Раиси шаҳр инчунин талаб намуд, ки ҷиҳати иҷрои моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти пурра манъ гардидани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон, асп, хар, паранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ дар ҳудуди пойтахт фаъолиятро пурзӯр намоянд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин масъала дар маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хотиррасон менамоем, ки барои вайрон кардани талаботи қонуни зикршуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.
«Дар асоси моддаи 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди маъмурию ҳудудии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, паранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва парандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017, № 1418) ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад»,-афзуд манбаъ.
Барои давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 550).








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






