Шиноварони ҷавони тоҷик дар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Қатар иштирок доранд

Ноябрь 5, 2019 15:26

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 15 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар барои шиноварони ҷавони Осиё ҷамъомади машқӣ-таълимӣ баргузор мегардад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи варзишӣ, ки таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё дар доираи Лоиҳаи «Рушди ҷавонони Осиё-2019» баргузор мегардад, бо мусоидати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ду шиновари ҷавони мамлакат– Екатерина Бордачева ва Садам Рамзиёрзода бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби шиноварони Тоҷикистон Алишер Чингизов ширкат менамоянд.

Ҳамчунин ин варзишгарони тоҷик   дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки 7-9 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор мегардад, сабқат мекунанд.

Ноябрь 5, 2019 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд