Сокинони шаҳри Хоруғ Рӯзи Президентро дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ истиқбол гирифтанд

Ноябрь 16, 2019 12:23

ХОРУҒ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ  бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо ширкати беш аз 5 ҳазор нафар сокинони шаҳр ҳамоиши оммавӣ баргузор гардид.

Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода  иштирокчиёни ҳамоишро аз номи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки “таъмини фазои орому босубот, волоияти қонун, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сол аз сол дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад. Ин ҳама дастовардҳои арзишманд бевосита ба салоҳияту   фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд.  Имрӯз мо ьа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, чун наҷотдиҳандаи Ватани маҳбубамон арҷ мегузорем, зеро Ӯ тавонист дар лаҳзаи басо асос ва ниҳоят мураккаб Ватани азизамон- Тоҷикистонро, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт, наҷот бахшад. Қабул гардидани Рӯзи Президент дар сатҳи мақомоти олии қонунгузорӣ ҳам талаби рӯз, ҳам дархости мардуми шарифи тоҷик буд. Ба ин васила миллати тоҷик дар атрофи Сарвари заковатманди худ боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба бадхоҳони миллат ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гуна иғвою дасисаи онҳо ваҳдату якдилии тоҷикистониёнро рахна карда наметавонад ва кафолати ҳамдилии онҳо худи Ҷаноби Олӣ аст”.

Ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Шермамад Ҷонмаҳмадзода   аз хизматҳои бешумули Пешвои миллат дар бунёди  давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ намуда, зикр дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, ғамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд. Хизматҳои беназири Сарвари давлат сабаб гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳ ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил ёфта, чун давлати  демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати хос бархурдор гардад. Ҷанби Олӣ яке аз он сисатмадорони хирадпешаву дурандешест, ки давлати тоҷиконро аз фаноёбӣ, парокандагиву парешонӣ наҷот дода,  дар солҳои басо вазнину хатарзо дар қалби мардум шуълаи умед ба фардои некро бедор кард ва бо гомҳои устувор ба як фазои орому босубот раҳнамун сохт. Воқеан рушду нумӯъи ҳар давлат ба дониш, ақлу заковат, хиради инсонии Президенти ҳамон мамлакат вобастагӣ дорад.

Ҳамоиши тантавӣ бо рақсу таронаҳои ҳунармандони маъруфи вилоят ба поён расид.

Ноябрь 16, 2019 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид