СУРАТ-ДАЛЕЛ: САЙЁҲИ АВРУПОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Рӯнамоии силсилаи нав дар АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 30.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Сайёҳи аврупоӣ дар Тоҷикистон» номи аксест, ки Андрей Захватов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷой намудааст. Имрӯз мо ин аксро бознашр ва ба ин васила силсилаи навро дар сомонаи худ бо номи СУРАТ-ДАЛЕЛ рӯнамоӣ мекунем.
Андрей Захватов зери ин акс чунин нигоштааст:
«Ба хотири чунин зебоиро дидан одамон ҳазорҳо километр роҳро тай мекунанд.
Тоҷикистон як мамлакати зебоест, ки мардуми одии меҳмоннавоз дорад. Сайёҳонро дигар натарсонед, ки ин як макони хатарнок аст. Дурӯғ ҳам нагӯед, ки издиҳоме аз Афғонистон меоянд ва ҳамла мекунанд.
Дар Тоҷикистон 7 ҳазор хизматчиёни артиши Россия хизмат мекунанд, ки дар пойгоҳи 201-ум маскан доранд. Чиниҳо низ барои муҳофизати сарҳад пули зиёд медиҳанд — онҳо аллакай дар Тоҷикистон соҳиби хоҷагиҳои зиёданд.
Аз чунин дарё моҳӣ гирифтан, хоҳ гулмоҳӣ бошад ё ҳар навъи дигар- хеле лаззатбахш аст! Ман шахсан дар ин ҷо моҳигирӣ кардаам!”.
Ҳар он чизе, ки дар ин акс мебинем, бароямон шинос аст: ҳам манзараи зебои тирамоҳи кӯҳистони мо ва ҳам ин духтари сайёҳ, ҳарчанд мо ӯро шахсан надидаем ва ҳатто намедонем, ки ӯ кист ва аз кадом кишвари Аврупост. Мо танҳо ҳаминро медонем, ки ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон ҳамасола меафзояд. Ба ин таваҷҷуҳи бевосита ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи сайёҳӣ боис гардидааст. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардаанд.
Бо супориши Сарвари давлат Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ин ташаббус таҳия гардид, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, имкониятҳои сайёҳӣ ба ширкатҳои кишварҳои ғарбӣ торафт бештар муаррифӣ мешаванд, дастгирии иттилоотӣ соҳа тавсеа пайдо намуд. Инчунин барои сайёҳон полиси сайёҳӣ, роҳҳо, пулҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хӯрокворӣ ва дигар иншооти инфрасохторӣ муҳайё шуданд.
Танҳо соли 2018 шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон назар ба соли 2017 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Аксарияти онҳо аврупоиҳоянд, ки ҳатто бо велосипед, мопед ва мототсикл ба мамлакати мо омадаанд.
Ба мо ҳамчунин номи Андрей Захватов низ шинос аст. Ӯ як рӯзноманигори таҳлилгар ва сиёсатшиноси рус аст, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Зодгоҳаш- Истаравшан. Кӯдакӣ ва оғози таҳсилаш дар Нуробод гузашта, мактаби миёнаро дар Ваҳдат ба итмом расонидааст. Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис- гидротехник мебошад.
Андрей Василйевич фарзанди ходими маъруфи давлатӣ ва ҳизбии Тоҷикистон, собиқ котиб ва котиби якуми кумитаи ҳизби коммунист дар шаҳри Ӯротеппа, ноҳияҳои Комсомолобод, Орҷоникидзеобод, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон марҳум Василий Захватов ва бародари калонии собиқ муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон Владимир Захватов мебошад.









Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






