Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ниҳолпарварӣ»-ро муҳокима намуданд

Ноябрь 11, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»-ро муҳокима намуданд.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардида, дар он инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки татбиқи як зумра барномаҳои давлатӣ имкон дод, боғу токпарварӣ ба соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил ёфта, барои афзун гардидани иқтидори содиротии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот саҳми калон гузоранд.

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи Қонун «Дар бораи ниҳолпарварӣ» муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ташаккули низоми ниҳолпарварӣ дар истеҳсол ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороишӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеҳсолкунандагони маводи киштшаванда ва ниҳолҳо, бамеъёрдарории фаъолияти шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, идоракунии давлатӣ ва мутобиқгардонии муносибатҳо вобаста ба пешбурди соҳа ба талаботи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар анҷоми кори ҷаласаи Шӯро аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ноябрь 11, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид