Варзишгарони беҳтарини соли 2019 муайян карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи номинатсияҳои «Варзишгари беҳтарини соли 2019», «Беҳтарин дастаи варзишӣ», «Мураббии беҳтарин», «Мактаби варзишии беҳтарин», «Беҳтарин Федератсияи миллии варзишӣ» (аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ), «Довари варзишии беҳтарин», «Беҳтарин иншооти варзишӣ», «Шаҳри (ноҳияи) беҳтарини варзишӣ», «Беҳтарин ВАО дар соҳаи варзиш» ва «Беҳтарини шореҳи варзишӣ» дар соли 2019 миёни варзишгарон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд.
Озмуни мазкур барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш эълон шуда, мақсад аз он дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, гиромӣ доштани дастовардҳои варзишгарон ва мураббиёни онҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Озмун охири соли равон ҷамъбаст гардида, ба беҳтаринҳо мукофоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати варзишии мамлакат ҳамасола озмунҳои мазкурро бо доираи васеи варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш доир менамояд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






