Зимистон фаро мерасад. Душанбе ба он омодагӣ гирифтааст
ДУШАНБЕ, 25.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сардиҳои чанд рӯзи охир ва боришоти пай дар пайи барфу борон аз расидани фасли зимистон дарак медиҳанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо гармӣ, ҷиҳати пайваст намудани биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳр тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ намудааст.
Аз ҷониби Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» аз охири моҳи октябр то инҷониб ба зиёда аз 2,2 ҳазор иншоот энергияи гармӣ интиқол дода шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 438 адад зиёд мебошад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мутахассисони муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» хонаҳои истиқоматиро аз рӯйи нақшаи пешбинигардида барои қабули гармӣ ва оби гарм омода намуданд. Муассисаи мазкур дар мавсими зимистони имсола бояд 2180 иншоотро бо гармӣ таъмин намояд.
Тибқи иттилои масъулин, интиқоли гармӣ ба биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии шаҳри Душанбе аз 28 октябр оғоз ёфта, айни замон 1800 бинои истиқоматӣ, 71 муассисаи таҳсилоти миёна, 64 таълимгоҳи томактабӣ, 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ ва 257 корхонаю ташкилоти гуногун бо гармӣ таъмин гардидаанд.
«Бо мақсади фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020 тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе шабакаҳои гармидиҳии шаҳракҳои 32 ва 33 — и ноҳияи Сино, 22 ва 46 — и ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаи Айнӣ 80 — и ноҳияи Шоҳмансур барқарору навсозӣ шуданд»,- афзуд манбаъ.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар фасли сармо низ тадбирҳои зарурӣ андешидааст.
Аз ҷумла, Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус -2» соли равон ба муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе пайваст шуда, ронандагон бо нуқтаи оби гарм дар фасли зимистон таъмин гардиданд. Воситаҳои нақлиёти мусофирбар низ ҳамаҷониба омода гардида, фаъолияти онҳо ҳамарӯза зери назорат қарор дода мешавад. Дар корхона қуму намак, равғанҳои молиданӣ захира, инчунин 58 чарх ва 30 аккумулятор харид шуданд.
Масъулони корхонаи «Автобус — 3» низ ба муассисаи шабакаи гармидиҳанда пайваст шуда, дар анбори корхона 5000 килограмм қум ва намак, 132 литр равғани муҳаррик, 78 чарху 8 аккумулятор захира шудаанд.
Дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» 87 троллейбус ва мошини ёрии техникии тамғаи «КрАЗ» барои хизматрасонӣ дар мавсими зимистон омода мебошанд. Дар ин корхона равғани муҳаррик, маводи сӯзишворӣ ва қисмҳои дигари эҳтиётӣ ба миқдори зарурӣ захира шудааст. Ҳамчунин масъулони соҳа дар анбори корхона ба миқдори 5000 килограмм қуму намак ва 132 литр равғани муҳаррик захира намудаанд.
Масъулини Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» низ ба фасли зимистон омодагии хуб гирифтаанд. Бо мақсади фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020 мутахассисони муассисаи мазкур 587 адад чароғҳои фарсудашудаи шаҳрро ба чароғҳои муосир иваз намуда, дар 499 адад қуттиҳои идоракунӣ корҳои профилактикӣ гузарониданд.
Кормандони муассисаи мазкур ноқилҳои барқии намуди ҳархеларо ба дарозии зиёда аз 44939 метр ва 31 адад қуттиҳои идоракуниро иваз намуда, 4893 адад сутунҳо, қуттиҳои барқтақсимкунанда ва шохаҳои барқиро рангубор намуданд. Ҳамчунин бо мақсади таъмини равшании кӯчаю хиёбонҳои пойтахт 13382 адад фурӯзанакҳои чароғҳоро иваз карданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд






