10-11 декабр дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад

Декабрь 9, 2019 15:31

ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 декабр дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад.  Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр боридани барф дар назар аст. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ,  моҳи декабр дар водиҳои  вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати  миёна ба меъёри иқлимӣ наздик буда, ҳаво дар водиҳо 4+5 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳии вилояти Хатлон ҳаво 2 +3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  нимаи дуюми моҳи декабр дар натиҷаи воридшавии ҳавои сард ҳарорат  рӯзона дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон 0+5 дараҷаро ташкил медиҳад.  Шабона ҳаво аз 3 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Миқдори боришот  тӯли моҳи декабр дар минтақаҳои мазкур тибқи меъёри муқаррарӣ буда, дар баъзе ноҳияҳои ҷанубии вилоят аз меъёри муқаррарӣ   камтар пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд низ ҳарорати ҳаво ба меъёри иқлимӣ баробар буда, танҳо дар қисматҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳҳо 1 дараҷа паст мешавад.  Аслан давоми моҳи декабр  дар ин минтақа ҳарорати миёна 1+3 дараҷа гарм ва дар баландкӯҳҳо аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.  Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзҳои алоҳида боридани борон ва дар қисматҳои кӯҳӣ барф дар назар дошта шудааст. Хусусан  боридани боришот дар нимаи дуюм ва сеюми моҳи декабр пешбинӣ шудааст.  Ҳарорати ҳаво дар ин давра  шабона  0-5 дараҷа сард  ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ низ ҳарорат тағйирёбанда шуда, ҳаво аз 0-5 то 7-12 дараҷа хунук  ва рӯзона 3 + 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳи декабр тибқи пешбиниҳои пешакӣ 1 дараҷа аз меъёри иқлимӣ хунук мешавад.  Ҳаво дар ин минтақаҳо асосан тағйирёбанда шуда,  шабона ҳаво аз 3 — 8 дараҷа хунук ва дар баъзе  ҳолатҳо 1 + 4 дараҷа гарм мешавад.  Рӯзона ҳарорат аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва дар баъзе ҳолатҳо 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 9, 2019 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид