Беҳтарин раисони Шӯрои кор бо занону духтарони Душанбе муайян гардиданд

Декабрь 18, 2019 09:03

ДУШАНБЕ, 18.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни  «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон», ки  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид, ҷамъбаст шуд.

Ҷойи якум насиби  раиси  Шӯрои кор бо занону духтарони маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт  Фароғат Яқубова гардид. Ҷойи дуюмро  раиси Шӯрои кор бо занону духтарони маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Фирдавсӣ  Гулҷаҳон Носирова  соҳиб шуд. Ба ҷойи сеюм раиси Шӯрои кор бо занону духтарони маҳаллаи Шоҳмансури ноҳияи Шоҳмансур  Адолат Ҷӯраева  сазовор дониста шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  пеш аз оғози озмун маҳсули дастони бонувони чирадасти пойтахт  манзури   иштирокдорон гардид.

Тибқи иттилои манбаъ,  ҷамъомадро  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро  аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шодбош гуфт. Мавсуф  зикр кард, ки  ҳадаф аз  баргузории озмуни мазкур  баланд бардоштани мақоми занонону  духтарон  дар ҷомеа буда, он   дар  ҷалби бонувон ба корҳои роҳбарикунанда нақши муҳим дорад.

«Ҳадафи асосии озмун  такмил додани донишу маҳорати раисони шӯроҳои кор бо занону духтарон,    пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили ҷудошавии оилаҳо, хурофоту бегонапарастӣ,   шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоию экстремистӣ, ҷалб намудани занону ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои гуногун,  таҳкими ҳамкории  раисони ин шӯроҳо бо аҳолӣ дар  шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт  мебошад»,-гуфт номбурда.

Сипас ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун  аз ҷониби намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому ҷоизаҳо ва туҳфаҳо тақдим гардид.

Хотиррасон менамоем, ки озмун дар ду давр —  моҳҳои октябр ва ноябр гузаронида шуда, ба даври шаҳрии он ғолибони даври аввал, дар маҷмӯъ 12 нафар  раисони шӯроҳои занону бонувони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт роҳхат гирифтанд.

Тибқи талаботи озмуни мазкур  ба фаъолияти раисони шӯроҳои занону духтарони пойтахт аз рӯи  дараҷаи маълумотнокӣ, дар ҳолати хуб ва бо тартиби муайян қарор доштани ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолияти самарабахш миёни аҳолӣ, баргузории чорабиниҳо дар маҳалла ва таҳти назорати доимӣ  қарор додани оилаҳои осебпазир,  тадбирҳои андешидашуда дар самти  баланд бардоштани  сатҳи маънавиёт ва фарҳангу ахлоқии занону духтарон, коҳиши  бекоршавии ақди никоҳ ва ҷинояткорӣ, ҳолати ободонӣ  дар шаҳраку маҳаллаҳо  баҳо дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 24 сентябри соли 2019 Низомнома ва ҳайати комиссияи Озмуни  «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон»   тасдиқ ва эълон гардид. Ин озмун  дар доираи  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» роҳандозӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри баланд бурдани мақоми занон дар ҷомеа  пайваста  тадбирҳои самаранок меандешад.  Айни замон дар пойтахт  396 ҳазору  600 нафар  бонувон фаъолият доранд, ки  аз онҳо 110 нафар хизматчиёни давлатӣ буда, 28 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ҳисоби занон  29 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, 58 нафар вакили Маҷлиси вакилони ноҳияҳои пойтахт буда, 1698 нафар бонувон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Илова бар ин, дар соҳаи тандурустӣ 6845 нафар, соҳаи маориф 8137 нафар занону духтарон фаъолият доранд.

Декабрь 18, 2019 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе