Бемории зукоми шадид пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси пешгӯии коршиносони амрикоии соҳаи тандурустӣ, паҳншавии зуком дар зимистони солҳои 2019-2020 нисбат ба дигар давраҳои хуруҷи он дар муқоиса ба 15 соли охир метавонад хеле шадид бошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Lenta.ru.
Далели ин гуфтаҳо он аст, ки паҳншавии васеи вирусҳои зуком чанд моҳ пештар аз давраи маъмулӣ оғоз гардид. Дар ин бора дар иттилоияи MedicalXpress хабар дода шудааст.
Ба ақидаи коршиносон, он намудҳои зуком, ки моҳҳои март-апрел сироят мекунанд, айни ҳол сабаби гирифтор шудани одамон дар иёлоти ҷанубии ИМА гардидаанд. Ин намуди сироят ба одамони солхӯрда, ки одатан маҳз онҳо аз ин беморӣ зиёдтар мефавтанд, хатари ҷиддӣ надорад, вале ба саломатии кӯдакон ва нафарони аз 50-сола ҷавонтар, таҳдид мекунад.
Аллакай дар ин давлат 1,7 миллион ҳолати гирифторӣ ба зуком қайд шуда, 16 ҳазор нафар дар беморхонаҳо бистарианд ва шумораи фавтидагон ба 900 нафар расидааст. Табларза, қайкунӣ ва дарунравӣ нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Дар мавсими қаблии зуком, ки бо вуҷуди тӯлонӣ буданаш нисбатан мӯътадил буд, 49 ҳазор нафар фавтида, 590 ҳазор каси дигар бистарӣ гардида буданд. Солҳои 2017-2018 аз бемории зукоми марговар 61 000 амрикоиҳо ҷони худро аз даст доданд.
Эҳтимол аст, ки мавсими авҷи зуком ба ин моҳ рост ояд, ки ин ғайримуқаррарӣ ва барвақт хоҳад буд. Авҷи бемории зукомро одатан то моҳи феврал интизор шудан мумкин аст. Ба гуфти коршиносон, ин метавонад аз вазъи бади эпидемиологӣ дарак диҳад.
Акс аз РИА «Новости»








Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард






