Дар Душанбе даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо иштироки ҳазорон нафар доир шуд

Декабрь 14, 2019 13:47

ДУШАНБЕ, 14.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 декабр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо иштироки ҳазорон нафар варзишгарону дӯстдорони ин навъи бозиҳо доир гардид.

Дар маросими баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, варзишгарон аз минтақаҳои мамлакат иштирок намуданд.

Тавре қаблан хабар дода будем, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.

Фестивали мазкур аз  ду намуд: сабқат — рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ  иборат буда, ба гурӯҳи сабқат ва рақобати даставӣ  8 намуд бозӣ ва ба гурӯҳи намоишӣ  10 номгӯй бозӣ дохил мешаванд. Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи  якум дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 20 март оғоз шуда буд. Марҳилаи  дуюм 8 сентябр дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор гардид.

Тавре дар суҳбар сардори Раёсати тарбия ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров иброз дошт, ки  даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ муаррифи навъҳои варзиши миллӣ дониста мешавад. Дар доираи баргузори фестивал аз 8 намуди бозиҳои миллӣ варзишгарон ҳунарнамоӣ доранд…

(Гузориши муфассал аз ин Фестивал пешниҳод мешавад).

Декабрь 14, 2019 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид