Дар Душанбе Маркази бузурги савдои «Прогресс» ба фаъолият оғоз намуд

Декабрь 21, 2019 18:02

ДУШАНБЕ, 21.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар маҳаллаи 84-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маркази бузурги савдои «Прогресс» ба фаъолият оғоз намуд. Дар расми ифтитоҳи он намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  коргоҳи «Прогресс»-и шаҳри Гомели Беларус ва соҳибкорон иштирок карданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, маркази савдои мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Ҳабиб Пулодов, ки ҳамзамон намояндагии “Прогресс”-ро ба уҳда дорад, таъсис ёфта, дар он асосан маҳсулоти тайёр  пешниҳоди сокинон карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз бунёди ин маркази савдои замонавӣ дар пойтахти мамлакат, қабл аз ҳама, таъмини сокинон бо мебелҳои хуштарҳи замонавӣ аз бузургтарин ширкатҳои пешрафтаи Беларус аст.

Тавре намояндаи ширкати «Прогресс» Ҳабиб Пулодов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, коргоҳи онҳо ба сифати тавлидкунандаи шинохтаи мебел, дар бозори ҷаҳонӣ муштариёни зиёд дорад. «Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки мардуми Тоҷикистонро бо ин гуна мебелҳо таъмин намоем.  Мо дар ин марказ бе миёнарав ва бо алоқаи наздик бо мизоҷон мебел истеҳсол ва ба фурӯш мегузорем», — афзуд мавсуф.

Бояд тазаккур дод, ки коргоҳи «Прогресс» соли 1963 дар шаҳри Гомели Беларус таъсис ёфта, ба тавлиди мебелҳои нарму хушсифат машғул аст.

Ба гуфти масъулин, феълан чунин мағозаҳои бузурги савдо бо номи «Прогресс» дар 200 давлати ҷаҳон фаъолият доранд.

Маркази бузурги савдо  инчунин барои таъсиси  сохторҳои нави тиҷоратӣ ва пешниҳоди маҳсулоти босифати аз ҷиҳати экологӣ безарар ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба мизоҷон низ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Ҳамчунин дар марказ намунаи маҳсулоти барои мебел омодашуда пешниҳод мегардад, ки мизоҷон онро мувофиқ ба салиқа ва табъи худ интихоб мекунанд.

Ташкили чунин марказҳои савдо аз ҷониби соҳибкорон инчунин барои рушди иқтисоди миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад.

Мавриди зикр аст, ки дар расми ифтитоҳи ин нуқтаи савдо ба 20 нафар харидори аввал бо тахфифи 15-фоиза маҳсулот пешниҳод гардид.

Ба истифода додани ин маркази замонавӣ имкон дод, ки  беш аз 6 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гарданд.  Дар ин маркази бузурги савдо мебелҳои баландсифат ба муштариён пешниҳод карда шуда, ба тамоми молҳо 18 моҳ кафолат дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки таҳвил ва  васлу насби мебел ройгон ба роҳ монда шудааст. Масъулини ширкати «Прогресс»  нақша доранд, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамин гуна марказҳои  бузургро таъсис дода, сокинони  зиёдеро ба шуғли доимӣ фаро гиранд.

Декабрь 21, 2019 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд