Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқҳои муҳоҷирон» доир гардид

Декабрь 19, 2019 08:58

ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  18 декабр дар меҳмонхонаи «Hilton»-и Душанбе  бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир (International Migrants Day) маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни  «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқҳои муҳоҷирон»  баргузор гардид. Маросими мазкурро Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо  Ваколатдор   оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Созмони байналмилалии муҳоҷират, ташкилоти  СММ  — Занон дар Тоҷикистон доир намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад, пеш аз оғози маросим намоиши аксҳо таҳти унвони «Муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи муҳоҷирон» доир гардид.

Дар ҷамъомад сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидасрор Саидов, сардори шуъбаи  ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарафҷон Раҷабов, директори Институти «Ҷомеаи кушода»- Бунёди мадад дар Тоҷикистон Илҳом Абдуллоев, роҳбари намояндагии Ташкилоти байналмилалии  муҳоҷират дар Тоҷикистон Кристина Транк, роҳбари Дафтари СММ –Занон дар Тоҷикистон Азиза Ҳамидова оид ба аҳамияти  озмуни мазкур дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва дигар масъалаҳои ба он вобаста изҳори назар карданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҳадафи озмун, пеш аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони  меҳнатӣ  буда, ҳамчунин ба ин восита  ҷалб намудани таваҷҷуҳи намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва бартараф намудани мушкилоти онҳо мебошад.

Сипас аз ҷониби созмондиҳандагони маросим ба ғолибони Озмуни «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқҳои муҳоҷирон» ҷоиза ва туҳфаҳо супорида шуданд.

Декабрь 19, 2019 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд